7.9 C
Dushanbe

Омӯзгорон аз камбуди маош мегӯянд, Вазорати маориф миллионҳо сомониро куҷо нобуд мекунад?

Масъулини Палатаи ҳисоб имрӯз 4-уми январ дар нишасти матбуотӣ аз ошкор гардидани камбудиҳои молиявӣ дар сохторҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.  

Бино ба навиштаи “Sputnik”, дар ин нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар соли гузашта дар вазорату идораҳои давлатӣ 193 санҷиш гузаронида, дар онҳо зарари молиявӣ ба маблағи 95,3 миллион сомониро ошкор кард.

Намояндагони ин ниҳод таъкид доштанд, ки аз 95,3 миллион сомонӣ – 92 миллион сомонӣ (94,4%), аз ҷумла ба буҷет 64 миллион ва ба ҳисоби корхонаҳо 22 миллион сомонӣ, тавасути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Ба гуфтаи намояндагони Палатаи ҳисоб, камбудиҳои молиявӣ бештар дар сохторҳои зертобеи Вазорати маориф ошкор шуд, ки он 10,8 миллион сомониро ташкил дод. Дар Агентии захираҳои модди назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон 5,7 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Инчунин дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон 5,2 миллион сомонӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ 2,7 миллион сомонӣ, Вазорати саноат ва техналогияиҳои нави Тоҷикистон 2,4 миллион сомонӣ, дар сохторҳои зертобеи ширкати “Барқи тоҷик” ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ, Вазорати молия 810 ҳазор сомонӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об 499 ҳазор сомонӣ, Кумитаи дин 494 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиёт 440 ҳазор сомонӣ, Агентии омор 387 ҳазор сомонӣ, Кумитаи муҳити зист 218 ҳазор сомонӣ, Вазорати фарҳанг 136 ҳазор, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 135 ҳазор сомонӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 134 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст.

Бояд гуфт, ки Палатаи ҳисоб дар гузориши соли гузаштааш низ аз ҳама бештар камбуди молиявӣ дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ошкор карда буд. Он замон гуфта мешуд, ки ин ниҳод беш аз 15 млн сомониро нобуд кардааст ва аз ин рӯ, фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ унвон шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки тамоми омӯзгорон ва ходимони соҳаи маорифи кишвар аз кам будани маоши мактабу донишгоҳҳо шикоят мекунанд.

Инчунин дар ин нишасти матбуотӣ дар бораи аз ҷониби яке аз филиалҳои “Амонатбонк” дар шаҳри Душанбе ишора шуд, ки дар он “камбуди маблағ” ва “истифодаи ғайри мақсадноки маблағи зиёд” ошкор карда шудааст.

Бино ба иттилои намояндагони Палатаи Ҳисоб аз соли 2018 то семоҳаи аввали соли 2020 дар филиали рақами 5-и “Амонатбонк” дар Душанбе ҳудуди 41,1 миллион сомонӣ (3,6 миллион доллар) камбуди молиявӣ ошкор шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки боз 2,1 миллион сомонӣ (184 ҳазор доллар) барои истифодаи ғайримақсаднок равона шудааст.

Аз маблағҳои дар боло зикр гардида, танҳо 23,6 миллион сомонӣ барқарор карда шудаааст.

Ба гуфтаи намонядагони Палатаи ҳисоб нисбати афроде, ки ин маблағҳоро ғайримақсаднок истифода намудаанд, аз ҷумла нисбати мудири шуъба, сармуҳосиб ва хазинадори филиали шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе, парванда боз шуда, боздошт гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон бархе аз кормандони “Амонатбонк”-ро танқид намуда, ба дуздии маблағ ва пасандозони муштариён муттаҳам карда буд.

Пештар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии “Амонатбонк”-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт намуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.