14.9 C
Dushanbe

Зувайдзода: ширкатҳои Бек Сабур дар рӯйхати сиёҳанд, ба мардум бигӯед бо ӯ ҳамкорӣ накунанд

Имрӯз 5 феврал Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Бек Сабур биноҳои нотамомашро ба анҷом расонад, иҷозатномаашро бозпас мегирем.

Ба гуфтаи Зувайдзода, аз 4 бино 3 бинои истиқоматии сохташуда аз ҷониби ширкати “Комил 2010”, ки ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва қудои раисҷумҳур марбут аст, ба зудӣ ба истифода дода мешаванд ва пас аз он иҷозати сохтмонсозии ин ширкат бозпас хонда мешавад.

“Мардум пул додаанд. Мо иҷозатномаро мегирем, аммо мардум пас чи кор кунанд. Хонаҳоро супоридан даркор”, – гуфт Зувайдзода Маҳмадсаид.

Вай илова кард, ки дар биное, ки Бег Сабур дар назди Зарафшон сохтааст ҳашт сол аст, ки мардум санад надоранд.

Зувайдзода нимшӯхӣ ба рӯзноманигорон хитоб намуда гуфт, ки “Бисёр ҷанҷолаш накунед, фаъол шудаст Бег Сабур.  Ҳамин се бинои сохтаашро супорад, сипас аз паси бинои охираш мешавем, ки он дар назди Беморхонаи бемориҳои сироятӣ ҷойгир аст, он камбудиҳои зиёде дорад”.

Инчунин вай афзуд, ки дар шаҳри Душанбе Ширкати “Комил-2010” ва “Ниагара”, ки ба Бег Сабур тааллуқ доранд ба рӯйхати сиёҳ дохил шудаанд. Вай зикр кард, ки дигар дар шаҳри Душанбе ба ширкатҳои Бек Сабур барои сохтмони иншоот иҷозат дода намешавад. Ӯ ҳамчунин аз рӯзноманигорон хост, ки ба дигарон бирасонанд то бо ширкатҳои марбут ба Бек Сабур ҳамкорӣ накунанд.

Интиқидои дигарбораи Бек Сабур аз ҷониби масъулони давлатӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки соле пеш Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб аз андоз насупоридани ширкатҳои мутааллиқ ба Бек Сабур интиқод намуда худи қудои раисҷумҳурро “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ёд карда буд. Пас аз боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шудани Иноятзода коршиносон ҳадс мезананд, ки боздошти ӯ бештар ба ҳамон интиқоди сахташ аз қудои раисҷумҳур рабт дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.