13.9 C
Dushanbe

Масъули ҷойхонаи “Харбуза” ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дирӯз 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфта, ки алайҳи масъулони сохтмони чойхонаи маъруф бо номи “Харбуза”, ки дар шаҳри Ҳисор сохта шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми тасарруфи амвол боз карда ва ҳукмашон ниҳоӣ шудааст.

Ин гуфтаҳоро Шоҳиён дар посух ба суоли хабарнигори “Sputnik” ироа кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин парвандаҳо пойи хонаводаи бонкдори маъруфи кишвар, Алимардоновҳо ва низ чанд нафар дигар ҳаст.

Шоҳиён гуфта, ки Додгоҳи Душанбе директори чойхонаи миллии “Харбуза” -ро, ки интизор мерафт, ба яке аз тафреҳгоҳҳои бузурги Тоҷикистон табдил ёбад, ба 7 сол равонаи зиндон кардааст.

“Ин парванда аз сӯи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, ин шахс ба мӯҳлати тахминан 7 ё 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст”, – гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Манобеи “Sputnik”-и Тоҷикистон гуфтаанд, ин масъули чойхонаи “Харбуза”, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, бо фармоиши корпоратсияи Алимардоновҳо ин сохтмонро сохтааст.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди шахсони дастгиршуда дар хусуси парвандаи ҷойхонаи “Харбуза” тафсилоти бештар надода, танҳо аз ҳукми 7 сол зиндонӣ шудани директори он ёдовар шудааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуда буд, ки аз вазъияти бади таъмирии ин сохтмони боҳашамат мегуфтанд. Дар асл бинои мазкур бояд ба як тафреҳгоҳи бо шукуҳе табдил меёфт, вале баъд аз як соли ба итмом расидани бино, на ба тафреҳгоҳ, балки ба як харобазор мубаддал шуд.

Мутахассисон маълум карданд, ки ин иншоот бо сифати хеле паст сохта шуда ҷавобгӯи меъёрҳои ба нақша гирифташуда нест.

Ба навиштаи “Sputnik” сохтмони “Харбуза” бо фармоиши Корпоратсияи “Баракат” – и марбути Алимардоновҳо аз сӯи ширкати “Шаҳрофар” – и марбут ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2014 шурӯъ шуд ва дар муддати як сол ба охир расид ва он соли 2015 дар ҷашни 3000 солагии шаҳри Ҳисор ба истифода дода шуд, аммо бо гузашти андаке ҳолати бино таъмирталаб шуд, чун сифати паст дошт.

Корпоратсияи “Баракат”, ширкати таҳти раҳбарии Пардаалӣ Алимардон, бародари Муродалӣ Алимардон мебошад. Муродалӣ дар гузашта аз афроди калидии ҳукумати Тоҷикистон буд, ки дар мақомҳои гуногун аз ҷумла раиси Бонки миллӣ ва ноиби нахуствазир кор карда, аз соли 2015 то ҳол раёсати “Агроинвестбанк” – ро бар дӯш дорад.

Бино ба иттилои дарёфтии “Sputnik”-и Тоҷикистон, Пардаалӣ Алимардон низ ба иттиҳоми тасарруфи маболиғи бузург моҳи апрели соли равон аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад. Ӯ ва даҳҳо нафари дигар ба хотири ҳайфу майли миллионҳо сомонӣ маболиғи “Агроинвестбонк” боздошт шудаанд, ки тафсилоти он ба ҷуз мақомот ба каси дигаре маълум нест.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон танҳо аз зиндонӣ шудани Исматулло Ҳаёев, раиси ширкати “ХИМА” бо иттифоқи се нафари дигар барои тасарруфи 80 миллион сомонии “Агроинвестбонк” ба муҳлати 11 сол ва Илҳом Ҳотамов, маъруф ба “Илҳом командир”, ба муҳлати 9 сол хабар дод. Маблағи тасарруфкардаи Ҳотамов дақиқ нест.

Бино ба иттилои дарёфтии “Sputnik”-и Тоҷикистон, дар маҷмӯъ беш аз 30 ширкат дар тасарруф ва ҳайфу майли маболиғи “Агроинвестбонк” дахил буда, онҳоро мӯҷиби дар ҳадди варшикастагӣ қарор гирифтани бонк медонанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, “Агроинвестбонк” аз муштариён садҳо миллион сомонӣ қарздор аст. Бонки миллӣ дар гузашта эълон дошта буд, ки “Агроинвестбонк” – ро варшикаста эълон намекунад, балки ҳама талошҳои ҳукумат барои дигарбора беҳбуд бахшидани вазъи он равона шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.