Мавзӯи қочоқи 90 кило тилло намояндагони Афғонистонро ба Тоҷикистон овард?

Мирзо Катавозай, муовини раиси парлумони Афғонистон гуфт, ки дар интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши интиқол додани онҳо ба кишвари сеюм даст надорад. Дар ин бора ӯ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Катавозай дар ин суҳбат ба сиёсатмадор будани худ ишора намуда гуфтааст, ки “Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир.”

Ҳамчунин муовини раиси парлумон дар вокуниш ба ин хабар ба расонаҳои афғонӣ гуфтааст, ки “Комилан ҳама гузоришҳое, ки дар онҳо маро ба қочоқ айбдор мекунанд, дурӯғ аст”, аммо шарҳ надод, ки чаро маҳз номи ӯ дар парвандаи қочоқи тилло ва пул пайдо шудааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои афғонӣ навиштанд, ки 90 кило тилло ва 15 миллион доллари мусодирашудаи мақомоти Тоҷикистон ба Муҳаммад Мирзо Катавозай, муовини раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон рабт доранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 феврал шабакаи телевизионии Афғонистон 1 бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод, ки тилло ва миллионҳо доллари дар Тоҷикистон мусодирашуда ба Муҳаммад Мирзо Катавозай рабт доранд ва ӯ ҳоло “тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ин ҳодиса ба таври васеъ паҳн нашавад.”

Ба гуфтаи хабарнигорони ин шабака ба ин далел Катавозай чанде қабл бо сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мулоқот кардааст. Ҳамчунин ин расона мегӯяд, ки роҳбарияти Афғонистон аз ин масъала огаҳӣ дорад ва ба мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон ишора мекунанд.

Ошкоркории расонаи афғонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки шоми 27-уми феврал бо як сафари корӣ раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар ин сафари корӣ ҷониби Афғонистон бояд бо Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳанд.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ Муҳаммад Мирзо Катавозай низ узви ҳайат аст. Раиси палатаи поёнии парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба расонаҳои афғонӣ гуфтааст, ки сафари кории онҳо барои “баррасии масоили гуногун, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипорлумонӣ, тақвияти мубориза бо терроризм ва гуфтугӯ дар бораи сулҳи Афғонистон аст”.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи Душанбе як гурӯҳи иборат аз 7 нафарро ҳангоми кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар ба Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт карданд.

Юсуф Раҳмон прокурори генералии Тоҷикистон ахиран боздошти гурӯҳи қочоқбар бо наздики 90 кило тиллою миллионҳо долларро тасдиқ карда буд.

Ҳамчунин Раҳмоналӣ Раҳимзода, сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукии Тоҷикистон низ ҷой доштани ин ҳолатро тасдиқ карда, гуфт ки дар доираи парвандаи талоши қочоқи тилло ва пул ба хориҷа се корманди ин ниҳодаш низ боздошт шудаанд. Қарори додгоҳ дар мавриди ин парванда феълан эълон нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.