6.9 C
Dushanbe

Тасмим дар бораи ояндаи Афғонистон бастаги ба натиҷаи музокирот байни Ҳукумат ва Толибон

Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли сухангӯи Толибон гуфтааст, ки гурӯҳи исломгаро ҳар гуна тасмим дар бораи ояндаи Афғонистонро ба натиҷаи музокироти байни ҳукумат ва Толибон мавқуф гузоштааст.

“Чунин пружаҳо (интихобот) дар гузашта кишварро ба остонаи буҳрон кашонда буданд”, гуфт Забеҳуллоҳи Муҷоҳид ба ин хабаргузорӣ.

Қаблан ду мақоми расмии ҳукумати Афғонистон ба “Франс Пресс” гуфта буданд, ки қарор аст раиси ҷумҳур Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар конфронси сулҳи Афғонистон, ки моҳи оянда дар Истанбул баргузор мешавад, интихоботи пеш аз муҳлатро пешниҳод кунад.

Рӯзи сешанбе хабаргузории “Reuters” аз қавли ду мансабдори ҳукумати Афғонистон гузориш дода буд, ки президент моил аст дар сурати тавофуқи Толибон ба барқарории оташбас, дар муддати шаш моҳ интихоботи зудҳангом баргузор шавад.

Ба навиштаи (DW) заминаи музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон тавофуқе буд, ки соли гузашта байни ҳукумати ИМА ва Толибон сурат гирифт. Тибқи ин тавофуқ, қарор аст, ки ҳамаи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон то 1 майи соли равон ин кишварро тарк кунанд.

Аммо президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки дар замони муайяншуда пурра баровардани нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон душвор хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти муовини раиси шаҳри Кӯлоб

Алишер Бобоҷонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар умури сохтмон ва замин боздошт шудааст.

Уммон: “пешравиҳои мусбат” дар музокироти Эрону Амрико дида мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Уммон дар пайи гуфтугӯҳои ахири ғайримустақими Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Женева аз "омодагии бесобиқа"-и ду тараф хабар дод.

Садҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина "Хочу жить" кушта шудани ҳудуди 1400 зархаридро аз Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия алайҳи Украина меҷанганд, тасдиқ кардааст.

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

Як зани 45-солаи тоҷик бо иттиҳоми фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ боздошт шуд.