13.9 C
Dushanbe

Иззат Амон аз Русия рабуда шуд?

Иззат Амон раиси “Маркази тоҷикон”, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рабуда шудааст. То ҳол муайян нест, ки кӣ ва кадом сохторе ӯро рабуда ва ба куҷо бурдааст. Аммо Радиои Озодӣ гуфт, Иззатро пулиси шаҳри Маскав боздошт кардааст. Вале ҳамкорони ӯ мегӯянд, дақиқ намедоананд кадом ҷиҳат ӯро боздошт кардааст.

Рустам Касим як дӯсти Иззат Амон дар суҳбат бо “Аздо тв” рабуда шудани ӯро тасдиқ кард, аммо гуфт, ки ҷои будубоши Иззат Амон то ҳол маълум нест.

Ҳамчунин Бахтовар Ҷумаев, яке аз ҳамкорони Иззат низ дар як сабти видеоӣ иброз дошт, ки намедонад барои пайдо кадани Иззат куҷоро ҷустуҷӯ кунад, зеро ҳечгоҳ ҳеч сохторе омода нест бигӯяд, ки онҳо Иззатро дастгир кардаанд.

Ба қавли Бахтовар чанд рӯз пеш Иззат гуфтааст, ки ҳукми шаҳрвандии русиягиашро мақомот беиътибор кардаанд. Ва бо эҳтимоли зиёд ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.

Ин мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ пештар ҳам дар мавриди фишору таҳдидҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳояш ишораҳо карда буд. Ӯ дар моҳи октябри соли гузашта иттилоъ дод, ки “Маркази тоҷикон”-ашро маъмурони амниятии Русия бо мақсади пайдо кардани адабиёти динӣ ҷустуҷӯ карданд.

Иззат Амон инро фишори мақомот унвон карда гуфта буд, ки зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ барои фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.

Иззат Амон яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик дар Русия аст, ки аз соли 2000 дар Маскав кору зидагӣ мекунад ва солҳост аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекунад. Ӯ ба мақсади кумак расондан ба муҳоҷирон марказеро бо номи “Маркази тоҷикон” кушод ва аз номи он ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонд.

Хусусан муҳоҷироне, ки мефавтиданд, талош мекард ҷасадҳои онҳоро тариқи марказаш ва бо кумаки хайрхоҳон ба Ватан фиристад. Ӯ пештар ҳам навишта буд, ки аз сабаби зиёд дидани ҳолатҳои маргу мири муҳоҷирон хаста шудааст ва мехоҳад марказашро бибандад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...