13.9 C
Dushanbe

Даъвати баҳорӣ ба сафи артиш дар Бадахшон 100% иҷро гардид

Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба артиш вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар тамоми вилоят беш аз 100% иҷро кардааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯи раиси ВМКБ, Ғолиб Ниятбеков хабар дод.

Ба гуфтаи Ниятбеков шаҳри Хоруғ, ноҳияи Дарвозу Ванҷ, Шуғнон, Мурғоб, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа нақшаи даъватро дар рӯзи якум 100 дарсад иҷро намуданд.

Ҳамчунин сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков қайд намудааст, ки пагоҳ яъне 3-уми апрел бахшида ба сафарбаркунии ҷавонон ба артиш маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов баргузор мегардад.

Ин соли сеюм аст, ки ВМКБ даъвати наваскаронро дар Тоҷикистон аввалин шуда иҷро мекунанд.

Соли гузашта фарзандони 32 нафар хидматчиёни давлатӣ аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон шомил шуданд.

Ёдовар мешавем чанде пеш дар Тоҷикистон қонуни нави ҳарбӣ қабул карда шуд, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад.

Тибқи ин қонуни ба тасвиб расида, агар пештар донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, тибқи тағйироти нав онҳо низ маҷбуранд як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба мисли Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то ҳол маблағи он дақиқ нест.

Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин, 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон ба синни сарбозӣ расидаанд.

Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеа мавриди баҳс қарор мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...