7.9 C
Dushanbe

Мақомот бо кадом роҳу усул 56 дарсад нақшаи даъват ба артишро иҷро кард?

Дар Тоҷикистон расман аз рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар ин муддат Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар 6-рӯзи аввал 56 дарсади нақшаи даъват ба артишро иҷро шуд.

Ин гузориши вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу суолҳои зиёдеро ба бор овард, чун бештари ҷавонон ба артиш маҷбуран ё бо усули “облава” ҷалб шудаанд. Ҳамарӯза наворҳо ва хабарҳои зиёд дар бораи облава шудани ҷавонон дар шабакаҳо нашр мешавад. Дирӯз “Паём” бо такя ба шабакаи ютубии “Хабар тв” аз як ҳолати “облава”, ки ҳатто ба беҳушии як ҷавон оварда расонд, хабар дод.

Дар наворе, ки дар шабакаи ютубии “Хабар тв” нашр гардидааст, чанд мард, ки либоси мулки ба тан доранд, мехоҳанд ҷавонеро дастгир карда ба мошини худашон шинонанд. Наворбардор бо нишон додани яке аз онҳо ӯро Нурзод муаррифӣ мекунад.

Рақами мошине, ки “облавачиҳо” мехоҳанд ҷавонро ба он шинонда баранд низ нишон дода мешавад, ки 1555АВ04 мебошад.

Дар натиҷаи кашокаш ҷавони дохили мошинбуда беҳуш мешавад ва ӯро ба замин мехобонанд. Чанд нафар садо медиҳанд, ки “мекушедаш”. Зане, ки аз ҷавон ҳимоят мекард ва зоҳиран аз наздиконаш аст, “облавачиҳо”-ро ба ҷавон наздик шудан намемонад ва ӯро бо мошини дигаре ба беморхона мебарад.

Наворбардор мегӯяд шишаи мошини ӯро низ шикастаанд ва бояд посух гӯянд. Дида мешавад чанд марди раҳгузар низ дар наҷот додани ҷавон кӯмак мекунанд.

Дар ҳамин ҳол як ҷавони дигаре бо номи Пулодзода Ҷомӣ, ки коргари ҳукумати шаҳр будааст, дар саҳифаи фейсбукияш аз “облава” шуданаш аз бинои МИҲД- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод. Ба гуфтаи Ҷомӣ ин ҳодиса боис шуд, ки саломатии модараш бад шавад ва ба беморхона афтад.

Пулодзода мегӯяд, ки дар дохили МИҲД- ии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои супоридани озмуни ҷойҳои холии корӣ рафта буд, ки ногаҳон се нафар ӯро маҷбурӣ аз дасташ дошта, ба мошин савор карда, ба бинои Комиссариати ҳарбӣ бурданд. Ҷомӣ мегӯяд бо вуҷуди фаҳмондан, ки ин амал хато ва ӯ дар хонавода яккаписар ва аҳмзамон хизматчии давлатӣ низ мебошад, ба гуфтаҳояш касе гӯш накарда ба бинои Комиссариат бурдаанд.

Дар идома Пулодзода Ҷомӣ мепурсад: “Ман маҷбурам магар ба ноадолатӣ тоб орам? Аз осмону мақомотҳои марбута ҳеҷ кӯмаке намерасад. Модоме, ки сафарбаркуниро маъракаи сиёсӣ меномеду бо аблава кардан иҷрояш мекунед, пас фарҳанги облавакуниро риоя намоед. Одитарин паҳлуҳои зиндагии мо дорои қоидаҳои махсус аст. Ин аблаҳоне, ки ин шабу рӯзҳо ба аблавакунӣ машғул ҳастанд, на худашонро муаррифӣ мекунанд ва на ҳуҷҷат нишон медиҳанд. Дар ними шаб мошини Опел астраҷии сафед бе рақами қайди давлатӣ облава мекунад. Ин айб нест магар.? Ман АДОЛАТ мехоҳам чизи дигар не!!!”

Ӯ дар охири навиштаҳояш аз аз тамоми равшанфикрони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват менамояд, ки ҷиҳати барҳам додани “облава” фикру андешаҳои худашонро пешниҳод намоянд.

Ба монанди Пулодзода Ҷомӣ ва ҷавоне, ки ҳангоми “облава”-и кормандони мақомот аз ҳуш рафт, садҳо ҷавонӣ дигар низ бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Бо вуҷуди ҷой доштани далелҳо мақомот ҳамеша “облава”-ро дар Тоҷикистон рад мекунад.

Дар ҳамин ҳол Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бо навиштани мактуби кушодаи ба Президент Раҳмон ва раиси Дастгоҳи раисҷумҳур Озодаи Раҳмон муроҷиат намуда, мегӯяд, дар зудтарин фурсат масъалаи поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандонро, ки аз ҷониби маъмурони Комиссариатҳои ҳарбӣ сурат мегирад, пешгирӣ намояд.

“Сухан аз “облава” меравад, ки солҳо боз дар атрофаш ҳар сол ду бор – вақти даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ баҳсҳо сурат мегиранд. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме ба ин маъно вуҷуд надорад. Аммо ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд”,- менависад Раҷаби Мирзо.

Ин рӯзноманигор дар идома аз дастгиршавии донишҷӯён ва маҷбуран ба артиш бурдани онҳову баъдан ихроҷ шуданашон аз донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, падару модарон тарсида – тарсида фарзандони худро ба кӯча, ба ҷои кор, барои таҳсил мефиристанд.

“Хулоса, агар тадбири ҷиддие андешида нашавад, обрӯи давлату ҳукумат, ҳукумати қонун зери суол меравад, ки фикр накунам барои ягон шаҳрванди дилсӯз ин ҳолат манфиат биёрад”.

Дар охир аз корбарони фейсбук дархост намуда, ки ҳарки аз ин мавқеъ ҷонибдор аст, зери ин матлаб имзо гузорад то онро бо ҷамъи имзоҳо ба сомонаи Президент бифиристад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.