Як моҳи баҳор ҳам гузашт, ҳанӯз лимити барқ дар Тоҷикистон бардошта нашуд

Ширкати “Барқи тоҷик” иддао дорад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум “камтар” кардааст, аммо баъзе аз сокинон мегӯянд бо эълони сабукӣ дар маҳдудияти интиқоли барқ тағйиреро надиданд.

Ҳамчунин дар баъзе минтақаҳо шабонарӯзи охир интиқоли оби ошомиданӣ низ маҳдуд шудааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик”, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Маҳдудият сабук карда шуд. Ҳамакнун дар вақти ифтор ва оғози рӯзадорӣ интиқоли нерӯи барқ қатъ карда намешавад. Ҳамзамон “Барқи тоҷик” мавзӯи пурра бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро баррасӣ дорад.”

Дар идома Ёдгорӣ қайд намуд, ки ба сабаби камии об маҷбур шудаанд, фаъолияти Маркази барқиву гармидиҳии Душанбе-2-ро ҳатто бо фарорасии ҳавои гарм идома диҳанд, то сокинони бо нерӯи барқ дастрасӣ дошта бошанд.

Ба иддаои сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” оби рӯдхонаҳои бузурги кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад кам аст ва лағви “лимит”-ро мушкил кардааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Авесто” бо такя ба маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон хабар дод, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ, Тоҷикистон интиқоли барқро ба хориҷа қатъ накарда, дар ду моҳи аввали имсол аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба хориҷ беш аз 7 миллион доллар даромад гирифтааст.

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” сабаби идомаи содироти нерӯи барқро ба Афғонистон, барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани хатҳои интиқоли нерӯи барқ мегӯянд.

Пештар ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои барқрасони Афғонистону Узбекистон барои интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ созишнома имзо карда буд. Интизор меравад, то поёни соли 2021 аз Тоҷикистон ба хориҷа беш аз 3 миллирад киловатт-соат нерӯи барқ содир шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон моҳҳои ноябр-декабр шаҳрвандон аз ҷорӣ шудани лимити барқ шикоят карда мегуфтанд, ки барқ танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 сӯбҳ хомӯш карда мешавад.

Бо вуҷуди шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон, “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасдиқ накард ва ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ рабт медоданд.

Баъд аз шикояти пайдарпайи сокинон масъулони ширкати “Барқи тоҷик” расман рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз мардуми кишвар барои қатъ гардидани барқ узр пурсида ва маҳдудиятро пурра бардоштанд.

Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ҳушдор дода буд, ки агар барқро сарфакорона истифода накунанд, зарурати ҷорӣ кардани лимит пеш меояд. Гарчанде, ки захираи имрӯзаи об басанда ҳам бошад.

Баъд аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон Ширкати “Барқи тоҷик” расман аз 5 январи соли равон эълон кард, ки интиқоли барқ аз соати 23 то 6-и субҳ дар деҳаҳо қатъ мешавад. Ин маҳдудият бо камтар кардани вақти он то ҳол идома дорад ва маълум нест он то кай идома хоҳад кард.  

Мухолифони ҳукумати Раҳмон мегӯянд, ки барқ дар кишвар аз ончи барои дохил лозим аст бештар тавлид мешавад. Ва “сабаби аслии ҷорӣ шудани лимитро дар он мебинанд, ки ҳукумат тарҷеҳ медиҳад ҳатто замоне, ки тавлиди барқ бо сабабҳои гуногун кам мешаваду танҳо барои масрафи дохил кофӣ аст, онро ба хориҷ бифурӯшад”.

Ба гуфтаи мухолифон барқро ба хориҷ ҳам ба ҳамон нархе мефурӯшанд, ки дар дохил ба мардум фурӯхта мешавад, аммо пулҳои барқи ба хориҷ фурӯхташуда на ба Тоҷикистон, балки ба хориҷ, ба ҳисоби офшории нафарони маълум интиқол дода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.