Чаро маводи ниёзи аввал дар кишвар рӯз то рӯз гарон мешавад?

Бо фарорасии моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло рафт. Сокинони пойтахт ва дигар вилоятҳои Тоҷикистон айни замон аз гарон шудани нархи гӯшт, равған, орд, шакар, сӯзишворӣ ва дигар маводҳои зарурӣ бештар шикоят доранд.

Мақомот гарон шудани маводи ниёзи аввалро тасдиқ карданд ва сабаби онро низ ба вазъияти пандемия ва бемории ҳамагир рабт доданд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми апрел дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, “нархи хӯрокворӣ дар кишвари мо 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфтанд.”

Президент низ дар сӯҳбати дирӯзааш сабаби коҳиши иқтисоди кишварро ба таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID-19 марбут донист.

Аммо дар асл коршиносони тоҷик мегӯянд, маҳсулоти ниёзи аввал аз кишварҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, гарон шудааст. Коршиносон сабаби гаронии маҳсулотро дар бозорҳои кишвар бештар ба омилҳои дохилӣ вобаста медонанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати кишоварзии кишвар дар ҷамъбасти омори семоҳаи аввали соли ҷорӣ гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар кишвар 8,1% афзоиш ёфта, ҳудуди 43 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ наздики 300 тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли маводи хӯрока, нархи тухму гӯшт ба таври назаррас боло рафтааст. Имрӯз дар бозорҳои кишвар 1 кило гӯшт 60-70 сомонӣ ва як қуттӣ тухм (30 дона) – 35-36, як зарфи равғани 5-литра аз 75 то 80 сомонӣ нарх доранд.

Як коршиноси масоили иқтисодӣ, ки нахост номаш зикр шавад ба “Аздо тв” гуфт, яке аз омилҳои аслии ин гарониҳо андозбандии бемаврид ва фасодкории масъулони шаҳру ноҳияҳост. Ва омили дигарро дар инҳисори бозорҳо аз ҷониби як доираи наздик ба шахсони аввали ҷумҳурӣ, инчунин набуди рақаботи солим ва набудани маҳсулоти дохилӣ медонад.

Дар ҳамин ҳол корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон шудани маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар интиқод намуда, назарҳои гунонуг коридаанд.

Абдуқодири Рустам, шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик чунин менависад: “Мегӯянд, равғану шакар дар кишварҳои тавлидкунанда гарон шудааст, гуноҳи мо нест! Пас, гӯшт чӣ? Оё гӯштро ҳам аз хориҷа ворид мекунед? Посух медиҳед, гӯштро не, аммо кунҷораро ворид мекунем…….. Мегӯем, чаро натавонистед дар ин сӣ сол истеҳсоли кунҷораро дар ватан ба роҳ монед, чаро натавонистед ба ҷойи парчами баландтарин ва чойхонаи калонтарин дастикам 50 дар сади равған ва 30 дар сади шакарро дар ватан тавлид кунед….?! Ин ҳама нотавонӣ дар амри тавлиди маҳсулоти ниёзии аввалия ва он ҳама ҳамҳамаю дабдабаҳои бепояро сабаб чист? “Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.