16.9 C
Dushanbe

Русия дар корҳои сохтмонӣ аз маҳбусон истифода мекунад

Ҳукумати Русия мехоҳад маҳбусонро ба сохтмони магистрали Байкалу Амур (БАМ) ва роҳи оҳани Транссиба ҷалб кунад. Ҳукумат ба якчанд шӯъбаҳо супориш додааст, ки ин масъаларо то 14 май баррасӣ намуда, инчунин инфрасохтори ҷойгиркунии қувваи кориро пешниҳод кунанд.

Сабаби ҷалби маҳбусон ин нарасидани қувваи корӣ, кам будани кадрҳо, зиёд будани ҳаҷми кор ва бозгашти нопурраи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия пас аз пандемия мебошад.

Тавре Дмитрий Горбунов, шарики ширкати ҳуқуқии “Рустам Курмаев ва шарикон” дар шарҳи ин хабар шарҳ додааст, қонунгузории Русия иштироки маҳбусонро дар чунин лоиҳаҳо пешбинӣ мекунад. Адвокат шарҳ дод, ки ин гуна кормандон кафолатҳои конститутсионӣ доранд ва далели мақоми маҳбус будани онҳо ба назар гирифта мешавад.

Дар корҳои сохтмонӣ чун қоида, танҳо касонеро қабул мекунанд, ки бо хоҳиши худ омодагии худро барои иштирок изҳор кардаанд, ки ин амалашон, ҳангоми баррасии дархостҳо дар бораи шартан пеш аз мӯҳлат озод шудан ба назар гирифта мешавад.

Екатерина Тягай, шарики коллегияи адвокатҳои “Pen & Paper” гуфт, тибқи қонун маҳбусоне, ки дар чунин муассисаҳо кор мекунанд, ҳаққи музди меҳнат доранд. Ҳамчунин онҳо бояд ҷудо нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Адвокат қайд кард, ки барои таъмини кори маҳбусон дар сохтмони магистрал сармоягузории назарраси моддӣ лозим аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҷузъу томҳои бригадаи панҷуми ҷудогонаи Қӯшунҳои роҳи оҳани Русия 5 апрел ба сохтмони шохаи дуюми БАМ шурӯъ мекунанд. Барои ҳаҷми кори маслиҳатшуда, ба низомиён аз 2,5 то 3 миллиард рубл пардохт карда мешавад, ки ин 5 фоизи арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.