Дар бозори “Меҳргон” мақомт “рейд”-и ришу ҳиҷоб гузарониданд

Дирӯз 27 апрел дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе мақомоти сохторҳои қудратии ноҳияи Шоҳмансур “рейд” бар зидди ришу ҳиҷоб гузарониданд. Дар ин бора як манбаъ аз назди ин бозор ба “Аздо тв” хабар дод.

Ба қавли манбаи мо, масъулон дар дохили бозор бо баландгӯякҳои насбшуда аз мардум хоҳиш мекардаанд, ки мардон риш намонанду занҳо ҳиҷоб бар сар накунанд. Ва инро аз фарҳанги бегона маънидод мекарданд.

Манбаъ гуфт: “Дар баландгуякхои бозори “Меҳргон” баланд-баланд садо медиҳанд, ки шаҳрвандони муҳтарам ҳиҷоб накунеду риш намонед”.

Мақомоти Тоҷикистон ҳаргоҳе дар бозорҳо чунин амалиётҳоро мегузаронанд ва ба қавле риши мардумро “ба тартиб” медароранд ва ин амали онҳо вокуниши мардумро ба бор овардааст. Хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пештар дар ин маврид корбарон аз чуннин шеваи бурхурди шадиди мақомот бо ришдорону ҳиҷобдорон интиқод мекарданд.

Солҳост, ки дар расонаҳо матолибе ба нашр мерасанд, ки мардум аз бадрафтории Ҳукумати Тоҷикистон нисбати шаҳрвандоне, ки риш ва ё ҳиҷоб доранд, ҳикоят мекунанд. Чанд соли пеш “рейд”-ҳои сахте дар бозорҳо ва кӯчаҳо баргузор шуда риши мардонро маҷбуран тарошида ва рӯймоли занҳо аз сарашон гирифта мешуд, аммо мақомот ин амалро “ба тартиб даровардани” сару риши мардум унвон мекарданд.

Дар баробари ин, созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар низ аз Тоҷикистон ба хотири риоя накардани ҳуқуқҳои озодии динии шаҳрвандон эрод мегиранд. Аммо мақомот пайваста ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ҳамчунин чанд рӯзе пеш Амрико дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое қарор дод, ки ҳуқуқу озодиҳои динии мардумро поймол мекунанд. Гузоришгарон вазъи ҳуқуқу озодии иҷтимоӣ ва динии шаҳрвандонро бад арзёбӣ карда Тоҷикистонро аз мақоми қаблияш як зина поёнтар бурданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.