13.9 C
Dushanbe

Задухӯрди сокинон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду рӯз боз идома дорад

Дирӯз 28-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, сокинони назди марзии ин ду кишвар ба ҳамдигар дарафтода, сангзанӣ кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон садои тиррандозӣ низ шунида шудаааст. Дар натиҷаи ин даргириҳо Шоҳроҳи Ош – Ботканд – Исфара дар минтақаи ноҳияи Торт-Кочо баста аст.

Гуфта мешавад даргирии навбатӣ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сурат гирифт, ки бо минтақаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Ба нақли шоҳидон, низоъ сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” сар зад, ки рӯзи 28 апрел ҷониби Тоҷикистон дар он камераҳои назоратӣ насб кард.

Дар ҳоле, ки чунин камераро ҷониби Қирғизистон низ пеш насб карда будааст.

Як корбари Фейсбук аз Тоҷикистон, ки худро шоҳиди ҳодиса гуфт, дар саҳфааш навиштаасст, ки “таниш аз соати 11:30 дар деҳаи Хоҷаи Аъло сар шудааст ва қирғизҳову тоҷикҳо ба тарафи ҳамдигар санг партофтаанд”.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизӣ навиштанд, ки низоъ дар минтақаи Оқсой соатҳои 17:30 сар шудааст. Қирғизистон аз ду маҷрӯҳ хабар дода буд.

Шоми 28 апрел Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман муноқишаро шарҳ дод, аммо сабаби муноқишаро дақиқ нагуфт.

Ба иддаои Хадамоти марзбонии Қирғизистон сабаби даргириҳо “насби дурбинҳои назоратӣ дар симчӯбҳои барқ аз ҷониби Тоҷикистон” дар наздикии Маркази тақсими об мебошад.

Тоҷикистон бо насби ин дурбин мехоҳад, ҷараёни тақсими баробар ва одилонаи обро назорат кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, қаблан дар он ҷо мақомоти Қирғизистон низ чунин дурбин насбб карда буданд, вале сарҳабонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.

Дар изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки “аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хидматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ин бахши изҳороти ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накардааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аз ду ҷониб садои тирандозиро низ шунидаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтанд.

Хадамоти марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дар изҳороти худ навиштааст, ки ин манбаи об дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аъло дар болои дарёи Исфара ҷойгир аст.

Гуфта мешавад, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Куктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар масофаи хеле дур ҷойгир аст.

“Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд”, – таъкид кардааст Хадамоти марзбонии КДАМ -и Тоҷикистон.

Аммо расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки “Головной” дар ҳудуди Қирғизистон, дар деҳаи Кӯктош ҷойгир аст.

КДАМ Тоҷикистон ҳамчунин аз 7 маҷрӯҳ, сокинони Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса хабар додааст.

Сокинони Хоҷаи Аъло гуфтанд, ки дар сангандозӣ камаш 15 нафар захмӣ шуда, ҳашт касро ба шифохона бурдаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...