13.9 C
Dushanbe

Моликиятат ба 105 ҳазор сомонӣ, ки расид, мақомотро огоҳ кун!

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ”, – ро қабул кард. Тибқи ин тағйирот нотариусҳои Тоҷикистон муваззаф шудаанд, аз амалиёти молумулкӣ ба маблағи беш аз 105 ҳазор сомонӣ мақомоти дахлдорро огоҳ кунанд. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод.

Музаффар Ашӯриён, Вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, ки баъд аз қабули ин тағёирот нотариусҳо вазифадор гардиданд, аз амалиёти нотраиалии ба маблағи беш аз 1 ҳазору 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба мақомот хабар диҳанд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодили 60 сомонӣ мебошад.

Инчунин нотариусҳо бояд аз амалиёт бо амволи ғайриманқулу коғазҳои қиматнок, ки маблағашон беш аз 12 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мақомотро огоҳ намоянд.

Ба гуфтаи Вазири адлияи Тоҷикистон ин тағйирот ба хотири мубориза бо пулшӯӣ дар кишвар ё худ қонунигардонии маблағе, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, қабул шудааст.

Қонуни Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардашуда ва маблағгузории терроризм соли 2011 қабул гардида, масъули иҷрои он Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Бонки миллӣ мегӯяд, ташкилотҳое, ки бо пул ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, бояд талаботи қонуни мазкурро ба инобат гиранд.

Тоҷикистон то соли 2014 дар феҳрасти кишварҳое қарор дошт, ки эҳтимоли пулшӯӣ дар он зиёд арзёбӣ мешуду таҳти назорати вижаи созмони байналмилалии мубориза бо пулшӯӣ – Financial Action Task Force қарор дошт.

Дар пайи тағйирот ба қонунгузорӣ Тоҷикистон аз феҳрасти кишварҳои таҳти назорати вижаи созмони FATF хориҷ гардид. Мақомот мегӯянд, берун баромадан аз феҳрасти ин созмон метавонад барои ҷалби сармоягузориҳо мусоидат намояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.