25.9 C
Dushanbe

Путин фармон дод, ки гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён осон карда шавад

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи шанбе ба мақомоти ин кишвар дастур дода, ки дар мавриди содда кардани тартиби гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён қарор қабул кунанд.

Дар ҳоли қабули қарори мазкур он бештар ба шахсони хориҷие тааллуқ хоҳад дошт, ки дар мусобиқаи умумирусиягии платформаи “Русия – кишвари имкониятҳо” иштирок карда, ғолиби ин мусобиқот шудаанд. Дастури мазкур рӯзи шанбе дар сомонаи Президент ба нашр расид.

Гуфта мешавад, ки президенти Русия Владимир Путин Вазорати корҳои дохила ва Вазорати корҳои хориҷаи кишварашро дастур дода, то 1 сентябри соли ҷорӣ тарҳреро дар мавриди “имкони гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён тариқи иштирок дар озмунҳои умумирусиягии платформаи “Русия – кишвари имкониятҳо” омода ва пешниҳод кунанд.

Путин инчунин ба Ҳукумати кишвараш супориш дода, ки механизми додани иҷозат барои истиқоматро бо роҳҳои содда ба хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ, таҳия ва пешниҳод намояд.

Платформаи “Русия – кишвари имкониятҳо” бо ташаббуси Президенти Федератсияи Русия соли 2017 роҳандозӣ шуда, он барномаҳои таълимӣ ва иҷтимоиеро, ки ба худшиносии шаҳрвандон ва таблиғи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд, дар бар мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чину Покистон хоҳони хотимаи фаврии ҷанг дар Эрон шуданд

Чин ва Покистон бо нашри баёнияи муштараке иборат аз панҷ банд поён додани ҷанг ва барқарории сулҳу субот дар минтақаи Халиҷи Форс ва Ховари Миёнаро талаб карданд.

Талабот ба қувваи кории хориҷӣ дар пасманзари норасоии кадрҳо дар Русия

Давоми чор соли охир талаботи корфармоёни Русия барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Буҷети Вазорати маориф афзоиш ёфт. Вале дар мактабҳо пули таъмирро аз хонандагон мегиранд

Буҷети давлатӣ барои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 14 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 24% бештар аст.

Исроил муҷозоти эъдомро барои фаластиниён қабул кард

Парлумони Исроил рӯзи душанбе, 30-юми апрели соли ҷорӣ қонуни муҷозоти эъдомро барои асирони фаластинӣ тасвиб кард.