Эмомалӣ Раҳмон вазъияти офатҳои табииро таҳти контроли худ гирифт

Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони вилоятҳо ва ноҳияҳо вазъи паёмадҳо аз офатҳои табииро, ки бар асари боронҳои чанд рӯзи ахир ба кишвар расида аст, баррасӣ намуд.

Хабаргузории “Спутник” бо такя ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ нигошта, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суҳбати телефонӣ бо Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Йурбон Ҳакимзода ва сарони дигар минтақаҳо вазъи ба вуҷуд омада дар натиҷаи офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор дод ва дар бораи хисорот ва паёмадҳое, ки ин офатҳои табиӣ ба минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба бор овардаанд ошно гардид.

Роҳбарони навоҳии Ш.Шоҳтемур, Муминобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон, Кушониён, А.Ҷомӣ, ва Данғара дар мавриди вазъ ва сухан гуфтанд.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки барои бартараф кардани паёмадҳо ва саривақт расонидани кумак ба ҳамаи осебдидагон, барқарор кардани хонаҳои харобшуда, роҳҳо, пулҳо ва дигар биноҳои харобгардида чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи боронҳои шадид ва сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлону навоҳии тобеи ҷумҳурӣ хонаҳои сокинони маҳаллӣ хароб гардида, роҳҳо ва дигар иншооти муҳимми иқтисодӣ осеб дидаанд. Алакай 8 нафар қурбонии ин офатҳои табии шудаанд ва дар кишвар як Комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шудааст, ки хисороти воридшударо муайян ва ҳамаи паёмадҳои онро бартараф хохад кард.

Дар ҳайати ин комиссия роҳбарони Вазорати умури дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.