Чаро Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст?

Бино ба гузориши расонаҳои қирғизӣ шуруъ аз 21 майи соли ҷорӣ тибқи қарори кобинаи вазирони Қирғизистон, убур аз марзҳои ин кишвар ва рафтуои транзитӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд.

Пойгоҳи хабарии “24KG” дар такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон иттилоъ додааст, ки гузариши молу воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои “Кулунду”, “Қайрагач”, “Қизил-Бел”, “Бордебо” ва “Қарамиқ”, ки дар қисмати марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Рӯзи 23 май Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Улуғбек Марипов эълом дошт, ки чанде қабл қарор қабул шуд, ки ҳаракати нақлиёт тавассути сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли мушкилоти марзӣ комилан қатъ карда мешавад.

Тавре, ки Марипов дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук хабар дод, ин суханонро ӯ дар мулоқот бо сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯши Қирғизистон гуфтааст.

“Масъалаи сарҳад барои мо имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Барои ҳалли ин масъала тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Мо инро ҳатман ҳал хоҳем кард … Дар якҷоягӣ бо ҳалли масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, мо ҳадафи таҳкими марзҳоямонро гузоштем. Барои ин мо барои марзбонони худ тамоми шароити заруриро фароҳам меорем. Дар таҳкими марзи давлатӣ сокинони маҳаллӣ низ нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, ман шуморо даъват мекунам, ки сабр ва фаҳмиш дошта бошед” – қайд намуд сарвазир дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ.

Марипов гуфт, ки “ҳадафи асосии мо беҳтар кардани зиндагии мардуми оддӣ аст ва мо ҳама чизеро, ки барои ин марҳила зарур аст, қадам ба қадам ба даст хоҳем овард.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар маҷрӯҳ шуда, 36 нафар фавтид. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар шурӯъи ҷанг айбдор карда, прокуратураҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи моддаҳои вазнин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.