Муҳриддин бо Муттақӣ дар бораи чӣ гуфтугӯ кард?

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори аввал бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ кардааст.

Суҳбати вазирони хориҷӣ дар пасманзари ҳамлаҳои охир аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Чин сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи ВУХ-и Толибон, ки 2-юми декабри соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки Муттақӣ дар ин суҳбат куштори шаҳрвандони Чинро маҳкум карда, ба Муҳриддин аз омодагии Толибон барои таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон, тақвияти амнияти марзӣ ва аз зарурати ҳамкориҳои муштарак барои суботи минтақа гуфтааст.

Вазири ҳукумати Толибон бе овардани номи гурӯҳ ё ҳалқае таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран фазои эътимод барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, аммо бархе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб зананд.

Бино ба навиштаи Толибон, Сироҷиддин Муҳриддин аз таҳкими ҳамоҳангии марзӣ ҳимоят карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон барои беҳтар кардани муносибатҳо ҷонибдори таомули мусбат аст.

Ҳамчунин вазирон тавофуқ карданд, ки робитаҳои мунтазам байни нерӯҳои марзӣ, кумитаҳои муштараки ҳамкориҳои амниятӣ ва нишастҳои техникӣ идома ёбад, то минтақа шоҳиди эътимоди мутақобила ва суботи бештар бошад.

То ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ин гуфтугӯи телефонии вазирон чизе нагуфтааст.

Ёдовар мешавем, ки давоми як ҳафтаи охир ду ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар натиҷа панҷ шаҳрванди Чин куштаву панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамлаҳоро ҷониби Тоҷикистон бе овардани номи созмоне “кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” номида буд. Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон низ гуфт, ки ҳамлаҳо “амали ғайриқонунӣ ва иғвоангезанд” ва аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон анҷом мешаванд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо сафири Чин дар Тоҷикистон, Го Чжизюн бо вазири корҳои хориҷиӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини аввали раиси КДАМ Фарҳод Камолзода мулоқот карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ “тамоми чораҳои заруриро биандешанд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.