Ҳукумат маҳдудияти барқро расман тасдиқ кард. Мардум аз 24 соат танҳо 2 соат барқ доранд

Дар пасманзари шикоятҳои зиёди сокинон аз бебарқӣ, ниҳоят мақомоти кишвар маҳдудиятҳои шадиди барқро расман эътироф карданд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 27-уми ноябри соли 2025 тариқи паёмак ба телефонҳои сокинон нома ирсол кард, ки дар он ҳукумат аз мардум хостааст, дар истифодаи нерӯи барқ сарфа кунанд, то ба захираҳои обии кишвар фишори изофӣ ворид нашавад.

Ба тамоми истифодабарандагони барқи якфаза (220 В) паёмак фиристода шудааст, ки дар он сабаби асосии маҳдудият “камшавии резиши об дар дарёҳо” ва таъсири он ба истеҳсоли энергия гуфта шудааст. Дар паём таъкид мешавад, ки агар истеъмол аз 4 кВт зиёд шавад, интиқоли барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад. Илова шудааст, ки ин маҳдудиятҳо муваққатӣ буда, барои сарфаи об дар обанборҳо амалӣ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки сокинон аз қатъи бардавоми нерӯи барқ норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 2 соат барқ доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин навор нашр шудааст, ки дар онҳо мардум бо шиддат изҳори хашм ва нигаронӣ мекунанд.

Дар пасманзари маҳдудиятҳои сахти барқ, ки ба эътирози оммавии мардум дар фазои маҷозӣ сабаб гаштааст, манобеи огоҳ мегӯянд, ҳукумат аз эҳтимоли авҷи норизоият ва эҳсосоти ҷамъиятӣ нигарон шудааст. Тарафдорони давлат талош доранд, ки мардумро ба оромӣ даъват карда, сабабро ба “тағйироти иқлим” ва “таъсири табиат” рабт диҳанд.

Дар як навори садоие, ки дар шабакаҳо паҳн шудааст, корманди як ниҳоди давлатӣ аз раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони маҳаллаҳо хоҳиш мекунад, ки мардумро фаҳмонанд, то “безобита нашаванд”. Ӯ таъкид мекунад, ки бар асари коҳиши сатҳи об дар обанбори “Норак” танҳо 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Хуриннисо Ализода дар саҳифаи фейсбукии худ мардумро ба дарки вазъ даъват кардааст. Ӯ навиштааст: “Воқеан вазъи баамаломад хеле хатарнок аст. Онро касе ё идорае не, табиат ба миён оварда. Пас мо бо шуурнокиву ақламон бояд бо ваҳдату оромӣ онро қабул фармоем.“

Хонум Ализода ҳамзамон аз мардум даъват кардааст, ки ба “провокаторҳо” гӯш надиҳанд ва бо иттиҳод ин давраи душворро паси сар кунанд. Ӯ дар идома мегӯяд: “Сахт аст, мушкил аст, вале муваққатист мардуме, ки аз ҷанг бо сулҳ берун шуд, пеши ин хатарҳои табии низ бо хости Худо дасӣболо хоҳад буд.“

Ин талошҳо барои ором кардани мардум дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо навору изҳорот нашр мешаванд, ки дар онҳо мардум аз вазъи ногувори қатъи нерӯи барқ шадидан норозиянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.