Қирғизистон 200 мусофири Тоҷикистонро ба хокаш роҳ надод

Шаби 25 май ширкати “Сомон Эйр” ба Бишкек парвоз анҷом дод, аммо мақомоти Қирғизистон 200 мусофири ҳавопайморо ба кишвараш ба далели баста будани марзҳо бар рӯи тоҷикистониён роҳ надод. Ва ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” пас аз 4 соати интизорӣ субҳи 26 май бо мусофиронаш ба Душанбе баргашт.

Дар робита ба ин масъала дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Вобаста ба ин масъала ҷониби Қирғизистон ба мо ҳеҷ маълумоти расмӣ ироа накардааст”.

Ҳамчунин айни замон ҳудуди сад мусофири дигари тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд. Ин мусофирон бояд ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мерафтанд. Мусофирон мегӯянд, ки онҳоро пеш аз парвоз касе огоҳ накарда буд, ки марзҳо ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста аст.

Абубакр Шодиев, консули Тоҷикистон дар Бишкек ба расонаҳо гуфта буд, ки  талош доранд то мушкилро дар гуфтугӯ бо мақомоти қирғиз ҳал кунад.

Бино ба гузориши расонаҳои қирғизӣ шуруъ аз 21 майи соли ҷорӣ тибқи қарори кобинаи вазирони Қирғизистон, убур аз марзҳои ин кишвар ва рафтуои транзитӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуд.

Пойгоҳи хабарии “24KG” дар такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон иттилоъ додааст, ки гузариши молу воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои “Кулунду”, “Қайрагач”, “Қизил-Бел”, “Бордебо” ва “Қарамиқ”, ки дар қисмати марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 23 май Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Улуғбек Марипов эълом дошт, ки чанде қабл қарор қабул шуд, ки ҳаракати нақлиёт тавассути сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли мушкилоти марзӣ комилан қатъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар маҷрӯҳ шуда, 36 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон аз 19 кушта ва 87 захмӣ хабар доданд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар шурӯъи ҷанг айбдор карда, прокуратураҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тибқи моддаҳои вазнин парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.