ВКД: Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар н.Балхӣ 9 захмӣ баҷо гузошт

Дар ҷануби Тоҷикистон дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Халивади ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, таркиш рух дод. Таркиш рӯзи 31 май соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, Умеда Юсуфӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки таркиш дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба амал омадааст.  Имрӯз 1 июн ВКД ҳодисаро шарҳ дод. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сӯхтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.

Қайд мегардад, ки бо истифода аз 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздик пешгирӣ карда шудааст.

ВКД сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишвориро корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда гуфт.

То ҳол ҳаҷми зарари ин сӯхтор муайян нашудааст. Ба иттилои ВКД зарар аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи якуми май ба ин монанд дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе низ сӯхтор ба амал омад, ки боиси таркиш гардид.

Дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Пас аз ёрии аввалияи тиббӣ ба 22 нафар иҷозат дода шуд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. 7 нафари дигар ба хотири вазнин арзёбӣ шудани саломатияшон таҳти назорати табибон монданд.

Як ҳафта пас аз таркиш дар беморхона, Алексей Рязанцеви 21-сола, ки дар ин нуқтаи сӯзишворӣ кор мекард ва ҳангоми таркиш 75 дарсади баданаш сӯхта буд, даргузашт.

Нисбати соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола парванда боз шуда, ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Пас аз ин таркиш дар Душанбе, хадамоти оташнишонии ВКД дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории саросари кишвар рейдҳоро оғоз кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.