7.9 C
Dushanbe

Нома ба Президенти Узбекистон: ба таҷрубаи шармовари (маршировка) қотеъона “На!” бигӯед!

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук матлабе бо унвони “Номаи саргушуда ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ҷаноби Мирзиёев Шавкат Мирамонович”, давр мезанад. Матлаб аз номи Азиз Сангин, шоир ва рӯзноманигори тоҷик гуфта мешавад.

Ин рӯзноманигори тоҷик дар хитоб ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев менависад, ки ба хотири омадани Шумо дар Тоҷикистон донишҷӯён ва омӯзгорон чандест аз дарс мондаанд ва дар ҳавои гарм соатҳо барои истиқболатон тамрин мекунанд.

Ӯ аз Мирзиёев хоста, ки чуноне ки пеши роҳи ингуна чорабиниҳои дабдабаноку зарароварро дар кишвари худаш пешгирӣ кард, дар Тоҷикистон ҳам пеши роҳи ин худнамоиҳоро бигирад.

Азиз Сангин, шоир ва рӯзноманигор. Сурат: Фейсбук

Рӯзноманигор чунин навишта: “Мехоҳам таваҷҷӯҳи шахси Шуморо ба як падидаи таассуфбор ва носозгор бо ахлоқи умумибашарӣ, бо фарҳанги мардумонамон ва дину оинамон ҷалб намоям. Оё медонед, ки аз чандин рӯз ба инҷониб, зимни омодагӣ ба истиқболи Шумо дар Тоҷикистон садҳо нафар аз донишомӯзи макотиб, бахусус духтарон, зери офтоби сӯзон ва гармои 37-37 дараҷаӣ машқу тамрин дода мешаванд, то дар ҷараёни истиқболи Шумо, ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз” дастафшон ғазал хонанду покӯбон сар андозанд”. Ин амалкард, чуноне гуфта омад, на ин ки ҳеҷ рабте ба фарҳанги меҳмоннавозии мардумонамон надорад, балки хилофи шавқати инсонӣ ва ахлоқу одоби исломӣ мебошад. Бале, мардумони мо, ӯзбекону тоҷикон, меҳмонро азиз ва қадамашро муборак медонанд, вале ҳаргиз ин бешарофатиро ба худ иҷоза намедиҳанд, ки кӯдакону духтарони худро ба гуландозию рақс дар пеши меҳмон маҷбур созанд. Ба шаҳодати васоити ахбор, Шумо, ҷаноби Президент, ба ин ҳақиқат пай бурдаед ва дар кишваратон ба ҳама гуна маросимҳои инчунинӣ пурдабдабаву намоишкоронаву зиёнбор хотима бахшидаед.

Ҳоло, зимни ин сафаратон ба кишвари ман-Тоҷикистон ин шонси таърихиро доред, ки ба чунин таҷрубаи шармовар, нангин ва ба фарҳанги миллатҳои мову Шумо бегона қотеъона “На!” бигӯед ва барои раҳбарони хурду бузурги минтақа, ки ин мазҳакаро ба абзори худнамоӣ, иззатталабӣ ва бартариятҷӯиҳои туҳию беҳосил табдил додаанд, намунаи ибрат шавед. Итминон дошта бошед, ки ин кори Шумо обрӯву эътиборатонро ҳамчун як меҳмони азизу шарифу боҳайсият дар саросари Тоҷикистон, дар ҳар хонадони тоҷик ба маротиб боло хоҳад бурд ва решаҳои дӯстии холисонаву самимонаи миёни мардумонамонро боз ҳам қавитар хоҳад кард.”

Нашри ин матлаб дар ҳолест, ки Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қарор аст 10-11 июн ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Барои Истиқболи Президент дар вилояти Суғд донишҷӯён чандест дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳавои гарм тамрин мекунанд. Гуфта мешавад, ки ҳудуди 200 талабаи мактаб ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои Хуҷанд барои пешвозгирӣ ҷалб шудаанд. Хабарҳо нашр гардид, ки баъзе донишҷӯён аз гармии тоқатфарсо ва гуруснагӣ беҳуш шудаанд.

Аксҳо: your.tj

Ин пешвозгирӣ ҳамагӣ 3 дақиқа идома мекардааст. Як манбаъ аз бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” гуфта, ки “Дар фурудгоҳ барои қабули Президенти Ӯзбекистон танҳо як барномаи фарҳангӣ нишон медиҳем, ки ҳамагӣ 3 дақиқа давом мекунад. Барои қабул ҳама бо либосӣ миллӣ мебароянд. Донишҷӯён, мактабхонҳо ва тамоми Ансанбли касбии рақсии вилоят барои пешвоз омодагӣ дида истодаанд”.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон барои гузарондани чорабиние донишҷӯён, хусусан духтарон ва омӯзгорони донишгоҳҳои кишвар моҳҳо аз дарсу барномаҳои донишгоҳӣ монда машғули тамрини рақсу суруде мешаванд. Тақрибан ҳар сол барои Ҷашни Истиқлол ва ё рафтани Президенти Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияе донишҷӯён ба чунин корҳо ҷалб мешаванд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин кор худнамоии ҳукуматдорон буда, аз қишри донишҷӯ истифода кардан ҳам ба дарси онҳо ва ҳам ба ҳолати руҳии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Гуфта мешавад, ки барои ҷалби донишҷӯёне, ки хоҳиши иштирок кардан дар чунин маъракаҳоро надоранд, бо усули тарс додан, ки агар “маршировка” наравад аз донишгоҳо ихроҷ мешавад, истифода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.