7.9 C
Dushanbe

Занони тоҷик аз паноҳгоҳҳои Сурия: моро ба ватан баргардонед!

Як гурӯҳ аз занони тоҷик, ки ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДОИШ мебошанд, аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, то онҳоро аз паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”‑и Сурия зудтар ба ватан баргардонад.

Ба иддаои ин занон онҳо бо фишори шавҳарон ва бе дарки дақиқи ин амал ба Сурия рафтаанд. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, дар ҳоле занон аз фишору фиреби шавҳарон мегӯянд, ки баъзе аз онҳо бо шавҳаронашон ҳамандеш буда, рафтан ба ҷабҳаи ҷанги мазҳабиро дониста интихоб кардаанд.

Гуфта мешавад, ин занон баъд аз шикасти гурӯҳи тундрав аз се то чаҳор соли охир бо кӯдакони хурдсол дар паноҳгоҳҳои Сурия қарор доранд. Шумораи умумии занону кӯдакони тоҷик дар онҷо наздик ба 600 нафар ҳисоб шудааст.

Сурат: TASS/DPA/Picture Alliance/Anas Alkharboutli

Дар нома занон вазъи худу кӯдаконашонро бисёр сахт арзёбӣ кардаанд. Тавре аз нома бармеояд, ки ангезаи нигоштани он аз суханронии президент дар шаҳри Исфара бархостааст.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрел ҳангоми сафар ба Исфара гуфта буд, ки занону кӯдакони дармонда дар паноҳгоҳҳои Сурияро ба ватан бармегардонанд. Ин паём дар Сурия низ шунида шудааст, ки занон менависанд, “ин ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид”.

Занони тоҷик дар нома гуфтаанд, ки “Дар интизори бозгашт ба ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта бошанд”.

Дар робита ба ин хабар Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ки ҳамзамон масъули баргардондани занону кӯдакон аз Сурия ҳаст, рӯзи 10‑уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъала ҳамоно дар дастури рӯз аст ва “сафорат корҳоро давом дода истодааст”.

Ӯ ҳамчунин дар идома қайд намуд, ки “дар ин бора супориши раҳбари давлат аст ва он ҳатман иҷро хоҳад шуд.”

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёни ДОИШ‑ро аз Ироқ баргардонд ва эълон кард, ки занону кӯдаконро аз Сурия низ бармегардонад. Аммо бо гузашти 2 сол ин ваъда иҷро нашудааст.

Мақомот сабаби барнагардонидани занону кӯдаконро ба дар ихтиёри курдҳо будани паноҳгоҳҳову итоат накардани онҳо ба давлати расмии Сурия, санад надоштани занону кӯдакони тоҷик ва ба пандемияи коронавирус рабт медиҳанд.

Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар Ҳукумат то ваъдаи худи Эмомалӣ Раҳмон барои баргардондани занону кӯдакон андешаи ягона набуд. Ӯ афзуд, баъзе аз мансабдорон бо эҳсоси раҳм ба кӯдакон хостори баргардонидани онҳо ҳастанд, вале бархеи дигар онҳоро “занону кӯдакони террорист” медонанд.

Вазъи занону кӯдаконро дар паноҳгоҳи “Ал‑Ҳавл”-и Сурия Созмони Милали Муттаҳид “ваҳшатнок” хонда, аз ҳукуматҳо хостааст, шаҳрвандони худро баргардонанд. Дар ин паноҳгоҳ аз давлаҳои гуногун беш аз даҳ ҳазор хориҷӣ нигаҳдорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз даҳ давлати дунёст, ки дар ин паноҳгоҳ теъдоди шаҳрвандонаш зиёд гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.