7.9 C
Dushanbe

Маршал Дустум аз Афғонистон фирор карда аст, ин ҳақиқат дорад?

Аз Афғонистон рафтани маршал Дустум боиси сару садоҳое гашта аст. Хабаргузории “Спутник” дар гузорише ба накл аз як манбаъ дар Маймана маркази маъмурии вилояти Форёб – яке аз пойгоҳҳои маршал Дустум, навишта, ки ин раҳбари низомӣ бо чархбол Афғонистонро тарк карда аст.

Тибқи бархе хабарҳо маршал Абдурашид Дустум дар набард бо Толибон захмӣ шуда аст. Аммо бар асоси фарзияи дигар маршал Дустум бемории қанд (диабет) дорад ва боз ба маризии вируси COVID- 19 гирифтор шуда, ки таҳаммули ин маризиҳо барояш сахт буда ниёз ба табобати ҷиддӣ ва касбӣ дошта аст.

Хешовандони маршал Дустум ҳам ин хабарро тайид карданд, ки ӯ бо чархбол Афғонистонро тарк карда аввал ба Тошканд ва аз онҷо ба Туркия рафта аст. Аммо ба гуфтаи яке аз дӯстони наздики маршал Дустум вазири умури иҷтимоии Афғонистон Башир Аҳмад Таян маршал Дустум барои ширкат дар форуми дипломатӣ ба Анталия сафар карда аст.

“Чунин овозаҳо дуруст нестанд, то ҷое, ки ман медонам маршал Дустум расман ба ин чорабини дар якҷоягӣ бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири умури хориҷа Ҳаниф Атмар ва раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ даъват шуда буд”.

Тавре, ки дар сомонаи расмии Форум хабар дода шуда, мулоқот бо ширкати сарони давлатҳо, сарвазирон, вазирони умури хориҷа ва намояндагони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, олимон, коршиносон ва доираҳои тиҷоратии беш аз 50 кишвар дар 18 -июн дар Анталия оғоз ёфт.

Дар ҳамин ҳол номи Дустум дар листи ширкаткунандагон вуҷуд надорад. Абдурашид Дустум роҳбари ҳаракати миллии исломии Афғонистон, узбектабор, роҳбари диаспораҳои Узбекистон ва Туркманистон, яке аз шахсиятҳои бо нуфузи сиёсати муосири Афғонистон аст.

Тайи як моҳи ахир вай мустақиман дар минтақаҳои Форёб, Ҷузҷон ва Сари пул бо нерӯхои Толибон дар набард буд, ки ин шабу рӯзҳо нуктаҳои доғи Афғонистон ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.