Талаби 100 млн сом ҷуброни маънавӣ аз президенти Қирғизистон

Акин Токталиев, собиқ директори  Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон президенти ин кишвар Содир Ҷабборов ва сухангӯи пешини ӯро ба додгоҳ кашида, 100 млн.соми қирғизӣ ҷуброни маънавӣ талаб кардааст.

Акин Токталиев, собиқ директори Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғзии Радиои Озодӣ иддао кардааст, ки ӯро беасос аз вазифаи директори Комиссияи давлатӣ дар умури дини кишвараш сабукдӯш кардаанд.

“Вақте ки маро аз вазифа барканор карданд, Президент ва котиби онвақтаи матбуотии ӯ Галина Байтерек маро ба як экстримист баробар карданд”, – гуфт Токталиев.

Ӯ дар шикояти додгоҳияш аз Содир Ҷабборов ва котиби собиқаш 100 миллион сом (беш аз 1,1 миллион доллар) ҷуброни маънавӣ талаб кардааст.

Токталиев рӯзи 8-уми июл ба додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек шикоят бурд. Аммо аризаи ӯ рӯзи 12-уми июл бо сабаби камбуди ҳуҷҷатҳои лозима баргардонида шуд. Рӯзи дигар Токталиев ҳуҷҷатҳоро илова кард ва дубора ба додгоҳ муроҷиат кард.

Дастгоҳи Президенти Қирғизистон ва Галина Байтерек ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Акин Токталиев моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи Президент буд, ба вазифаи директори Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон таъйин шуд. Аммо баъд аз се моҳи фаъолият санаи 9-уми феврали соли 2021 аз ин вазифа барканор шуд.

Айни замон Акин Токталиев “Кумитаи ҳифзи обрӯву эътибори мардуми Қирғизистон”-ро роҳбарӣ мекунад. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар дар парвандаи пурсарусадои гаравгон гирифтани раҳбари вилояти Иссиқ-Кӯл аз Содир Ҷабборов ҳимоя карда буд. Он замон изҳор дошта буд, ки ин парванда дорои ангезаи сиёсӣ аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.