7.9 C
Dushanbe

Нигаронии пайвандони маҳбусони сиёсӣ аз сарнавишти зиндониён

Наздикони зиндониёни кӯчонидашуда беш аз як ҳафта мешавад аз ҳоли пайвандонашон дар дохили зиндон хабар надоранд ва ин чиз онҳоро нигарон кардааст.

Як гурӯҳ аз пайвандони зиндониёни сиёсӣ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфтанд, ки сар аз 25-юми июл – рӯзе, ки 1700 зиндониро аз маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе ба маҳбаси наве дар шаҳри Ваҳдат кӯчониданд, аз маҳбусашон хабаре нест.

Ба гуфтаи онҳо, “пештар зиндониён ҳар ҳафта бо телефон суҳбат мекарданд, аз ҳолашон бо хабар будем, вале баъд аз рӯзи 25-уми июл аз ҳолаш умуманон хабар надорем ва намедонем дар кадом шароит қарор доранд”.

Наздикони маҳбусон мегӯянд, пеш аз интиқоли маҳбусон аз Идораи зиндонҳо ба онҳо занг зада гуфта буданд, ки биёянд ашёи маҳбусонашонро то ҷобаҷо шудани онҳо ба хона баранд.

Ба гуфтаи наздикони маҳбусон нигаронии онҳо аз он аст, ки маъмурони зиндонҳои кишвар барои интиқоли маҳбусон аз мошинҳое истифода мекунанд, ки ғунҷоиши 50 нафарро дорад, аммо онҳо дар ин мошинҳо аз ҳад зиёд савор мекунанд. Ҳодисаи интиқоли маҳбусон аз зиндони Хуҷанд ба Душанбе соли 2019 ва дар роҳ ҳалок шудани иддае аз онҳо пайвандони маҳбусонро сахт нигарон кардааст.

Ҳисомуддини Абдурозиқ, писари зиндонии сиёсӣ ва узви аршади ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, “модарам мегӯяд, тахминан аз интиқолашон ба зиндони нав 10 рӯз мегузарад то ҳол тамос нагирифтааст ва намедонем чӣ гап асту чӣ ҳол дорад. Хабаре надорем. Пештар аз зиндони рақами як ҳар ҳафта як ё ду маротиба занг мезаданду суҳбат мекарданд. Аммо аз зиндони нав хабаре нест.”

Ба қавли ӯ, шояд шароити тамос гирифтан надоранд ва ё иҷозат намедиҳанд, ки тамос бигиранд. “Чуноне медонем, зиндони нав низомаш сахт аст шояд суҳбат кардани зиндониён бо хонаводаҳояшонро маҳдуд карда бошанд”, – афзуд Ҳисомуддин.

Ҳамчунин Шуҳрати Раҳматуллоҳ фарзанди маҳбусии сиёсӣ ва узви собиқи Раёсати олии ҲНИТ Раҳматуллоҳи Раҷаб низ нигаронӣ кард, ки хонаводаашон бо падараш беш аз як ҳафта мешавад ҳеч тамосе надоранд ва аз шароити зиндони нав огоҳ нестанд.

Ҳамзамон Ҷамшед Ёров, бародари вакили дифои зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров ба “Аздо тв” гуфт, бародарашро низ ба зиндони нави шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд, вале то ҳол аз ӯ хабаре надоранд. “Маъмурони зиндон ба хонаводаи мо хабар доданд, ки биёед либосу ашёи Бузургмеҳрро баред. Наздиконамон ҳама ашёи ӯро гирифтанд. Бузургмеҳр дар танаш як либос дошт, ман ҳайронам, ки давоми беш аз 10 рӯз ӯ бо як либос чӣ гуна мегашта бошад? Онро агар шӯяд, чӣ мепӯшад?”  

Ба аҳмин монанд чанд нафари дигар низ аз ҳоли зиндониёнашон нигаронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Музаффар Ашӯриён вазири адлияи Тоҷикистон 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз омодагӣ Идораи зиндонҳои кишвар барои кӯчонидани маҳбусон зиндони рақами яки шаҳри Душанбе ба маҳбаси навбунёд дар шаҳри Ваҳдат хабар дода буд. Аммо ин зиндон дар куҷои шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, касе намедонад. Танҳо мақомот гуфтаанд, шароити маҳбаси нав аз маҳбаси рақами яки Душанбе ба маротиб беҳтар аст ва дар ҳуҷраҳо нафарони камтар ҷой карда мешаванд.

Сарраёти иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон (СИҶҶТ) борҳо аз тарафи созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар дар бораи шароити нигаҳдории маҳбусон дар маҳбасҳои кишвар мавриди интиқод қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, дар ҳуҷраҳои нигаҳдории зиндониён 80 нафар ва ё беш аз он одамон нигаҳдорӣ мешавад, ки умуман ба ҳеч шароите ҷавобгӯ нест.

Солҳои 2018 ва 2019 бо баҳонаҳои гуногун дар зиндонҳои Душанбе ва Хуҷанд даҳҳо маҳбус кушта шуданд. Маъмурони зиндонҳо кушта шудани маҳбусонро ба ошӯбҳо ва ё дармондани нон дар гулӯ ва ғайра рабт доданд, вале касе аз пайвандони онҳо ва аксари фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин иддаъои мақомот бовар накарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.