Тоҷикистон барои қабули паноҳҷӯёни афғон омода нест

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Сурат: ВКД ҶТ

1-уми сентябр дар Душанбе Рамазон Раҳимзода дар мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) Мулугета Зевди гуфт, дар ҳоли ҳозир 80 хонаводаи афғон бо шумули фарзандони худ, ки дар минтақаи дахлнопазири марз ҳастанд ва мехоҳанд вориди хоки Тоҷикистон шаванд. Аммо Тоҷикистон бо далели надоштани бунёди зерсохтори паноҳгоҳ барои қабули муҳоҷирон ва таваҷҷӯҳ накардани созмонҳои байналмиллалӣ ба ин масъала қодир нест аз паноҳҷӯёни афғон пазироӣ кунад.

“Дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад,” – афзуд Рамазон Раҳимзода.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо хабар дода буд, ки мақомоти аврупоӣ қасд доранд ба ҳамсояҳои Афғонистон 600 миллион евро кумаки молӣ пешниҳод кунанд, то паноҳҷӯёни ин кишварро қабул кунанд.

Ҳамзамон чанд рӯз пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гушзад карда буд, ки “аз нуфузи исломгароёни ифротӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД ҷилавгирӣ карда шавад.”

Инчунин Путин як рӯз қабл аз нишасти сарони кишварҳои СПАД рӯзи 22-уми август дар мулоқот бо намояндагони ҳизбаш дар бораи ҷойгир кардани паноҳандагони афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идеяи Ғарбро интиқод карда онро таҳқиромез номид.

Вай афзуд, “Онҳо (кишварҳои Ғарб) мехоҳанд, ки ҳамсояҳои мо муҳоҷирони афғонро бидуни раводид бипазиранд, вале худашон омода нестанд, ки паноҳҷӯёнро бидуни виза қабул кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки манобеи Аздо тв мегӯянд, айни замон хобгоҳи Донишгоҳи Носири Хусрав дар Бохтар ба макони қабули муҳоҷирони афғон табдил шуда, донишҷӯён бехобгоҳ мондаанд. Инчунин гузориш шуда, ки қисме аз муҳоҷирони афғонро дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон ҷойгир хоҳанд кард.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буд, ки омода аст ҳудуди 100 ҳазор паноҳандагонро аз Афғонистон бипазирад. Ва дар навбати худ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотияш ба хабарнигорон иброз дошт, “набояд фаромӯш кард, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сокинони моро қабул карданд. Онҳо моро бо хона ва хӯрок таъмин карданд. Имрӯз онҳо дар изтиробанд ва мо вазифадорем, ки кумак кунем. Албатта, бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ ва санитарӣ.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.