35.9 C
Dushanbe

Омодагии Тоҷикистон барои мизбонии 100 ҳазор паноҳҷӯ

Мақомоти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мегӯянд, барои қабули 100 ҳазор паноҳҷӯйи эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) омодагӣ мегиранд.

22-юми июл, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон дар робита ба эҳтимоли паноҳ овардани муҳоҷирони афғон гуфт, “набояд фаромӯш кард, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ сокинони моро қабул карданд. Онҳо моро бо хона ва хӯрок таъмин карданд. Имрӯз онҳо дар изтиробанд ва мо вазифадорем, ки кумак кунем. Албатта, бо назардошти меъёрҳои бехатарӣ ва санитарӣ.”

Тоҷикистон дар ду моҳи ахир, ки нерӯҳои Таҳрики Толибон дар Шимоли Афғонистон аксари вулусволиҳоро тасарруф кардаанд, мизбони садҳо нафар аз сарбозону марзбонон ва мардуми мулкии Афғонистон буд.

Пеш аз ин Амрико аз кишварҳои минтақа, ба хусус кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон хоста буд, ки ҳудуди 50 ҳазор муҳоҷир ва паноҳҷӯи Афғонистонро дар кишварҳои худ паноҳ диҳанд. Ин афрод касоне ҳастанд, ки дар гузашта барои ишғоли Афғонистон ба низомиён ва мақомоти ИМА дар Афғонистон ҳамкорӣ карданд ва дар ҳоли ҳозир ҷони онҳоро дар хатар аст.

Тоҷикистон ҳудуди 1400 киломтер марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва дар тамоми манотиқи он сӯи марз вазъият ноором ва ҷанг байни нерӯҳои давлатӣ ваТолибон идома дорад. Толибон иддаъо дорад, ки дар ҳоли ҳозир 90 дарсади марзҳои Афғонистон дар ихтиёри нерӯҳои онҳо қарор дорад.

Афғонистон дар солҳои 93-97 асри гузашта мизбони беш аз ним миллион муҳоҷири Тоҷикистон буд, дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистон қабули муҳоҷирони Афғонистонро “қарзи инсонӣ”-и худ медонанд. Зимнан, Тоҷикистон дар 30 соли ахир низ ҳазорҳо муҳоҷири Афғонро паноҳ дода, аксари онҳо дар ноҳияҳои тобеи Марказ, аз ҷумла шаҳри Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.