20.9 C
Dushanbe

Равоншиноси эронӣ шаҳрдори Франкфурт шуд

Наргис Искандарӣ – Грунберг нахустин зани эронитабор дар Олмон аз Ҳизби Сабз аз ҷониби Парлумони минтақавии Франкфурт шаҳрдор интихоб шуд.

Сурат: dw.com

Ин сиёсатмадори эронитабор соли 1985 ба Франкфурт ҳиҷрат карда, шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардааст. Дар ин бора “Deutsche Welle” хабар медиҳад.

Искандарӣ-Грунберги 56-сола, соли 1985 аз Теҳрон ба Франкфурт муҳоҷират кардааст. Вай дорои унвони доктори илми равоншиносӣ дар Донишгоҳи Франкфурт аст ва ҳоло дар дафтари худ ба ҳайси равоншинос кор мекунад.

Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ узви Ҳизби Сабз шуд ва фаъолияти сиёсии худро дар Олмон идома дод. Ҳамсари Наргис Искандарӣ Грунберг ном як шаҳрванди олмонӣ мебошад ва ин аст, ки номи Грунберг дар насабаш омадааст.

Искандарӣ-Грунберг замони будубошаш дар Эрон бар муқобили сиёсати Ҷумҳурии Исломӣ мухолифат карда, дар зиндони Ивин ҳабс шуда буд. Вай ҳангоми боздошт низ ҳомиладор буд ва фарзандаш Марям Зареъро дар зиндон таваллуд кард.

Марям Зареъро ҳамчун як ҳунарпешаи маъруф ва филмсоз дар Олмон мешиносанд. Ӯ як филми мустанаде бо номи “Дар Ивин таваллуд шудаам” таҳия кардааст, ки дар он қисмате тарҷумаи ҳоли худро ба шакли тасвир нишон дода, таҳия кардааст.

Гуфта мешавад, намояндагони Шӯрои шаҳри Франкфурт (Stadtverordnetenversammlung) пас аз интихоботи минтақавӣ дар иёлоти Ҳессини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баҳори имсол ва созишнома дар бораи ташкили ҳукумати эътилофӣ дар арсаи Франкфурт (Rِömer), Наргис Искандарӣ, узви фраксияи Ҳизби Сабзро бо аксарияти овозҳои худ ӯро ба унвони шаҳрдор ба мӯҳлати 5 сол дар ин масъулият интихоб карданд.

Наргис Искандарӣ-Грунберг дуввумин шаҳрдори баландпоя пас аз Мири Франкфурт, Петер Фелдман аст, ки бевосита аз ҷониби мардум дар як интихоботи алоҳида интихоб мешавад. Гуфтанист, мири Франкфурт Петер Фелдман аз ҳизби сотсиал-демократҳо аст.

Ҳукумати Эътилофи шаҳри Франкфурт аз чаҳор ҳизб иборат аст: Ҳизби Сабзҳо (Gruene), ҳизби Сотсиал Демократҳо (SPD), Либерал-Демократҳо (FDP) ва ҳизби (Volt).

Дар интихоботи минтақавии Франкфурт -2021, ҳизби Сабзҳо бо 24,6% раъй ҳамчун пурқувваттарин ҳизби шаҳри Франкфурт интихоб шуданд ва ҳамин тариқ аз рӯи шумораи ҷойҳо дар Ассамблеяи минтақавии Франкфурт қавитарин фраксияро ташкил доданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.