24.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон Толибонро ба нишасти СҲШ роҳ надод

Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди фишори баъзе кишварҳо иҷозат надодааст, ки намояндаи Толибон дар нишастҳои СПАД ва СҲШ дар Душанбе ширкат кунад.

Ба иттилои шабакаи “Тулуънюс”, Тоҷикистон ба иштироки намояндаҳои Толибон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шангхай мувофиқат накарда аст. Ин мавзеъгирии Тоҷикистон равшан ва қонунӣ буд, чун то ҳол Толибон аз тарафи ҳеҷ кишваре ба расмият шинохта нашудааст.

Аммо ин хабар то ҳол ҷойи дигаре тасдиқ ё рад нашудааст ва маълум нест, ки кадом кишваре хостори иштироки Толибон дар ин нашастҳо буда аст.

Аз ҷониби дигар Амруллоҳ Солеҳ, муовини президенти пешини Афғонистон, ки худро иҷракунандаи президенти ин кишвар эълон карда буд, айни ҳол дар Тоҷикистон ҳузур дорад, вале дар Душанбе ӯро низ ба нишастҳои СПАД ва СҲШ роҳ надодаанд.

Афғонистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба ҳайси узви нозир солҳост, ки дар нишастҳои ин ду созмон ширкат мекард, аммо имсол пас аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва сари қудрат омадани Толибон дар Кобул акнун вазъият тағйир карда, кишварҳо бар асоси манофеи худ равобиташонро бо Толибон муайян мекунанд.

Толибон аз 15-уми август Афғонистонро зери тасаллути худ дароварда, ҳукумати муваққати худро бо ҳузури беш аз 90% аъзои онро намояндагони як қавм-паштунҳо ташкил медиҳад ва Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури тоҷикони Афғонистонро ба расмият мешиносад, на ҳукуматеро, ки дар он ақаллиятҳо ҳузур надошта бошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуд

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон пас аз болоравии бесобиқа дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтааст.

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Густариши ҳамлаҳои Исроил ба дохили Лубнон

Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст.

Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд.