9.9 C
Dushanbe

Ҷон додани се муҳоҷири тоҷик дар садама

Субҳи 18-уми сентябр дар шаҳри Новосибирски Русия се шаҳрванди Тоҷикистон бар асари бархӯрди мошин бар симчӯби барқӣ ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии

Лаҳзаи бархӯрди мошин ба симчӯб ва оташ гирифтани он (Акс аз “АСТ-54”)

Расонаҳо аз қавли Вазорати корҳои дохила (ВКД)- и Новосибири Русия навиштанд, ки ҳодиса субҳи шанбе, 18-уми сентябр тахминан соати 06: 00 дар хиёбони марказии шаҳр бо номи Димитрова рух дод.

Ба гуфтаи манбаъ, мошини тамғаи Volkswagen Polo, ки дар дохилаш се шаҳрванди Тоҷикистон буд, аз хиёбони Вокзалная ба самти кӯчаи Депутатская ҳаракат мекард ва дар гардиш ба кӯчаи Депутатская ба симчӯби барқ ​​бархӯрд. Мошин, ки бо суръати тез меомад аз зарба оташ гирифт. Сӯхтор бо шарораи барқ ҳамороҳ шуда аланга гирифтааст.

Гуфта мешавад, мошини мазкурро ронандаи тоҷик ба иҷора гирифта будааст. Владислав Савченков, бозраси таъмини бехатарии роҳи шаҳри Новосибирск ба расонаҳо гуфт, ки бар асари ҳодисаи мазкур ин се шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили мошин ҷон бохтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.