9.9 C
Dushanbe

Кӯшиши табаддулоти ноком дар Судон

Субҳи имрӯз кӯшиши табаддулоти давлатии низомиён алайҳи ҳукумати интиқолӣ дар Судон ноком гузошта шуд.

Тибқи гузориши шабакаи “Алҷазира”, бисёре аз муттаҳамон дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ боздошт шудаанд ва тафтишот оғоз шудааст. Телевизиони давлатии Судон низ эълом карда, ки кӯшиши забт кардани қудрат барҳам зада шуд.

Кӯшиши табаддулот дар ин кившари арабӣ имрӯз, сешанбе сӯрат гирифта, сарбозон барои пахш кардани изҳороти табаддулот вориди бинои Радио шудаанд, аммо ин талош фавран қатъ карда шуд.

Як манбаъ аз ҳукумати феълии Судон ба Ал -Ҷазира гуфта, ки маълумот дар бораи кӯшиши табаддулоти давлатӣ шоми душанбе ба ҳукумат расида буд, ва дар ҳукумат барои хунсо кардани он пешакӣ омодагӣ гирифтанд.

Субҳи имрӯз телевизиони давлатии Судон эълом кард, ки кишвар шоҳиди “кӯшиши  табаддулоти нофарҷом” аст ва аз шаҳрвандон даъват кара, ки бо он муқобилат кунанд. Мақомоти Судон низ дар ин бора дертар изҳорот пахш хоҳанд кард.

Дар навбати худ, узви Шӯрои Ҳокимияти Судон Муҳаммад Ал-Факӣ Сулаймон гуфт, ки “Судониҳо бояд барои дифоъ аз кишвари худ ва ҳифзи ҳукумати интиқолӣ бархезанд.” АлФакӣ Сулаймон афзуд, ки “ҳама чиз таҳти назорат буда ва қиёми мардум пирӯз аст.”

Як раҳбари нерӯҳои Озодӣ ва Тағйирот ба Ал -Ҷазира гуфта, ки аъзои режими собиқ кӯшиши табаддулотро анҷом додаанд ва шуморе аз онҳо боздошт шудаанд. Кӯшиши табаддулот аз ҷониби афсарон бо мошинҳои зиреҳпӯш дар ду минтақаи низомӣ Води Сидно ва Умдурмон сурат гирифтааст.

Субҳи имрӯз фаъолони судонӣ дар шабакаҳои ифтимоъӣ тасвирҳоеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо ва мошинҳои низомӣ дар кӯчаҳои Хартум пахш карданд.

Охирин табаддулоти низомӣ дар Судон моҳи апрели соли 2019 рӯх дода буд, ки дар натиҷа ба ҳукми 30-солаи собиқ президент Умар Албашир хотима дод. Ин табаддулот бар асари эътирозҳои оммавӣ, ки моҳи декабри соли 2018 дар пасманзари бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ва паст шудани сатҳи зиндагӣ сар зад.

Дар охири моҳи августи соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳукумати интиқолӣ ташкил шуд ва раҳбари шӯрои низомии давраи гузариш Абдулфаттоҳ ал-Бурхон ба ҳайси сарвари Шӯрои Ҳокимияти Давлат савганд ёд кард ва Абдуллоҳ Ҳамдок сарвазири нав эълон шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.