Узви “Гурӯҳи-24” дар Душанбе ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи “Гурӯҳи – 24” дар Русияро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” Раҳматҷони Маҳмадҷон бо қарори додгоҳи шаҳри Душанбе бо моддаҳои 187, 189, 307 (қисми 1,2,3) -и кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор дониста шуда, ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

“Гурӯҳи – 24” даст доштани макомоти ҳифзи ҳукуқи Тоҷикистон ва Русияро дар қазяи рабуда шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон қайд намуда, ҳарду ҷонибро ба поймол намудани меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ айбдор кардааст.

Ҳамчунин дар идома ин Ҳаракати сиёсӣ дар сомонаи расмиаш менависад, ки “дар ин ҷиноят ба адолат ноил шудан ва гунаҳкоронро ҷазо додан ғайриимкон аст. Ва пайомади беҷазоӣ боз ҷиноятҳои нав хоҳад шуд.”

Ёдовар мешавем, ки 18-уми майи соли ҷорӣ намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Федератсияи Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон, ки шаҳрвандии Русияро низ доштааст, пас аз хона баромадан нопадид шуд. Пас аз номаву дархостҳои “Гурӯҳи-24” ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, 27-уми майи соли ҷорӣ аз номи ВКД-и Русия дар посух ба дархости Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русия ва 10-уми июн аз номи Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав ба дархости вакили дифоъ ҷавоб омад.

Дар ҳар ду мактуб гуфта мешуд, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон тавассути фурӯдгоҳи Домодедоваи шаҳри Маскав ба шаҳри Душанбе парвоз кардааст.

Ҳамчунин таъкид мешуд, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон дар ҳудуди Русия барои қонуншикании ҷиноятӣ сабти ном нашудааст ва “Гурӯҳи-24”- ро зарур аст, ки барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

То 46 дараҷа гармӣ ва хатари сел: Тоҷикистон аз мавҷи гармо ҳушдор дод

Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз...

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндонҳо изҳори нигаронӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати...

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...