15.9 C
Dushanbe

Писари Эшони Қиёмиддин аз боздошт раҳо шуд

Додгоҳи Русия писари Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Баракатулло Ғозиевро имрӯз 22-сентябр аз боздошт раҳо кард.

Баракатулло Ғозиев моҳи августи соли равон аз ҷониби мақомоти амниятии шаҳри Қазон дастгир шуда буд. Додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Қазон 15-уми август гуфта буд, ки боздошти ӯ бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Баъд аз боздошт наздикони Ғозиев гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ва дар сурати истирдод ӯро шиканҷа ва зиндон интизор аст. Рӯзи 22 сентябр вакили мудофеи Баракатулло Ғозиев дар саҳифаи фейсбукишя хабар дод, ки мақомоти Русия зерҳимояи ӯро озод кардаанд.

Нагиев Руслан мегӯяд, ки зерҳимояша бо модаҳои 189 “Барангехтани кинаву адовати динӣ” ва 305 “Хиёнат ба ватан”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумзурии Тоҷикистон модаи гунаҳкор дониста, дар пайгард қарор дошт. Ва бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буд.

Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, ба хотири он ки зерҳимояшро дар Тоҷикистон зиндон, шиканҷа ва таҳқиру тавҳин таҳдид мекунад, чанде пеш дархости паноҳандагии сиёсӣ ба ВКД-и шаҳри Қазон дода буданд.

Ғозиев Баркатулло фарзанди Саидқиёмиддин Ғозӣ (Эшони Қиёмиддин) аз руҳониёни машҳури солҳои 90 ва яке аз раҳбарони ҲНИТ буд, ки соли 2018 дар шаҳри Санкт-петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд ва тибқи гуфтаҳои мақомот дар зиндон бо дасти ДОЪИШ ба қатл расид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Ин муаммора кӣ ҳал мекарда бошад?” Шикояти олими тоҷик

Бархе донишмандони тоҷик аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба онҳо ва нодида гирифтани хидматҳои илмияшон шикоят мекунанд.

Боз як монеа барои муҳоҷирони таксирон дар Русия

Дар Русия алайҳи муҳоҷирони таксирон қонунҳои шадидтареро ҷорӣ карданд, ки фаъолияти онҳоро душвор мекунад.

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон муайян шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ахираш рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.

Илон Маск аз сиёсат рафт

Миллиардер ва муассиси ширкатҳои маъруфи "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск аз мақоми мушовири махсуси ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп расман истеъфо дод.