Маҳмурод Одинаевро афв карданд

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт ва барои 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, шомили афви давлатӣ шудааст.

Имрӯз, 30-уми сентябр як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии кишвар Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд.

Аммо то ҳол назари наздикони Маҳмурод Одинаев дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст. Ва инчунин маълум нест, ки писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев, ки ҳамроҳаш якҷоя 1-уми май аз боздоштгоҳ ба маҳбаси Ваҳдат интиқол ёфта буданд, шомили афв шудааст ё на.

Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли гузашта Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоевро низ боздошт карда буданд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Насли Z ва инқилобе инқилобӣ

Замонаҳои душвор инсонҳои нерӯманд мепарваранд,Одамони нерӯманд зиндагии хубро месозанд,Зиндагии...

Вашингтон фишори иқтисодӣ бар Эронро шадидтар мекунад

Амрико ҳамзамон аз омодагии худ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод.

Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон кушта шуд

Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Ҳасиб Панҷшерӣ, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд.