12.9 C
Dushanbe

Табаддулоти давлатӣ дар Судон

Субҳи рӯзи душанбе дар пойтахти Судон-шаҳри Хуртум табаддулоти давлатӣ аз ҷониби низомиёни ин кишвар сурат гирифт.

Дар ин бора “Ройтерз” ба нақл аз Вазорати иттилооти ин кишвар хабар дод, ки дар инқилобе, ки Судон сурат гирифт, ба тамоми маъно “кӯшиши табаддулоти давлитӣ аз ҷониби артиш аст”.

Вазорат ба ин расона гуфта, ки “Мо аз тамоми мардум талаб мекунем, ки барои пешгирӣ аз табаддулоти давлатӣ, ки аз ҷониби низомиён сурат мегирад, ба кӯчаҳо бароянд ва то суқути кӯшиши табаддулоти давлатӣ хиёбонҳоро тарк накунанд”.

Ҳамчунин ин вазорат дар як изҳороти дигар хабар дод, ки нерӯҳои артиш ба маркази радио ва телевизион ҳамла карда, шуморе аз кормандони онро муҳосира карданд.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира“, дар пайи ин табаддулот, сарвазири Судон Абдуллоҳ Ҳамдук боздошт ва ба макони номаълум бурда шудааст. Ва инчунин шуморе аз мақомдорони ҳукумати Судон боздошт шудаанд.

Дар пасманзари вуқуъи табаддулоти низомӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои арбиву аврупои ин инқилобро маҳкум карда, афзуданд, ки боздошти сарвазир ва мақомдорон авоқиби хуб надорад.

Пас аз эълони Вазорати иттилооти Судон мардум дар пойтахти ин кишвар, Хартум ба кӯчаҳо рехтанд. Расонаҳои маҳаллӣ аз бархӯрди сахти низомиён бо муътаризон хабар медиҳанд. Гуфта мешавад шуморе аз муътаризон бар асари бархӯрди пулис захмӣ шудаанд. То ҳол шумораи дақиқи захмиён маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар моҳи Рамазон ба мардум бештар барқ медиҳанд?

Ширкати "Барқи тоҷик" иддао карда, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба сокинони кишвар бештар барқ медиҳад.

Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза

Бар асоси гузориш баъзе аз шаҳрвнадони кишварҳои Осиё Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон дар сафи артиши Исроил дар Ғазза ҷангидаанд.

Чаро имсол таъйини Рамазон ихтилофи зиёдеро ба вуҷуд овард?

Шоми дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва ғайри он баҳси шадиде дар мавриди духули моҳи мубораки Рамазон ба вуҷуд омад.

Баррасии ҳамкориҳои сармоягузории ИА ва Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.