21.9 C
Dushanbe

2021: 38 ҳазор тоҷикистонӣ тарки ватан карда ба Русия кӯч бастааст

Натиҷаи як таҳқиқоти демографӣ дар Русия нишон додааст, ки дар соли 2021 ҳудуди 38 ҳазор тоҷикистонӣ ба ин кишвар барои иқомати доим кӯч бастаанд.

Ҳукумати Русия суръати афзоиши муҳоҷират ба қасди иқомати доимро дар соли 2021 аз рӯи нишондоди коэффисиент тақрибан ду баробар ҳисоб кардааст.

Якчунин ҳисоботро нашрияи “Известия” бар асоси маълумоти “Нақшаи ягонаи ноил шудан ба ҳадафҳои рушди миллии Федератсияи Русия барои давраи то соли 2024 ва давраи банақшагирии то соли 2030“, ки онро Вазорати рушди иқтисоди Русия 1 октябри соли ҷорӣ нашр кард буд, анҷом додааст.

Гуфтанист, коршиносони соҳа бар ин назар ҳастанд, ки афзоиши воқеии шаҳрвандони хориҷӣ аз ончики пешбинӣ шудааст, дигар хоҳад буд. Яъне пешгӯӣ барои се соли оянда арзёбӣ шудааст, Ба ибораи дигар рушди муҳоҷират дар соли 2022 афзоиши муҳоҷират ба 212 ҳазор ва дар солҳои 2023-2024 ба 235 ҳазор нафар хоҳад расид.

Никита Мкртчян, корманди Пажӯҳишгоҳи демографияи Мактаби олии иқтисоди Русия мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки афзоиши муҳоҷират дар Русия дар ҳудуди 300 ҳазор боқӣ мемонад, агар то моҳи декабр афзоиши шадиди воридот ба вуҷуд наояд.”

Дар ин ҳисобот се кишварро аз ҷиҳати муҳоҷират ба қасди иқомати доим дар соли 2021 пешсаф номида, аз Тоҷикистон (38 ҳазор), Украина (26 ҳазор) ва Арманистон (20 ҳазор) қайд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия мегӯяд, бо вуҷуди тавозуни мусбати муҳоҷират шумораи аҳолии Русия то соли 2025 то ба 1,6 миллион нафар камтар хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.