21.9 C
Dushanbe

Даъвати Дидбони Ҳуқуқи Башар аз СММ барои баррасии авзои Тоҷикистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) мегӯяд, вазъияти Афғонистон набояд боъиси чашмпӯшии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз собиқаи ваҳшатноки нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гардад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз Созмони Миллали Муттаҳид даъват намуда, ки масъалаи саркӯби ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар зимни дархост аз СММ навишта, ки Тоҷикистон дар соли 2015 ягона ҳизби мухолиф – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро мамнуъ эълон кард ва пас аз он шуморе аз раҳбарон ва садҳо фаъолони сиёсӣ, вакилони дифоъ ва рӯзноманигоронро зиндонӣ кард.

Инчунин СДҲБ таъкид намуда, ки мақомоти Тоҷикистон мунтақидон ва мухолифон ва ҳамчунин пайвандони онҳоро дар дохил ва хориҷ аз кишвар бераҳмона мавриди озору азият қарор додаанд. Озодии баёнро саркӯб ва расонаҳои мустақилро бастааст.

“Шиканҷа ва латукӯб дар боздоштгоҳҳо ба таври маъмул гузориш мешавад ва хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти роиҷ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин ҳуқуқи занону духтарон поймол мешавад ва аз адолат маҳруманд”,- омадааст дар баёнияи ин созмон.

Дар идома СДҲБ, ки мақараш дар Вашингтон аст, изҳори умедворӣ мекунад, ки ин ҳафта фурсати хубест барои кишварҳои узви СММ то ба мақомоти Тоҷикистон бифаҳмонанд, ки вазъияти Афғонистон боъис намешавад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ собиқаи ваҳшатноки ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро нодида бигиранд.

Сийнат Султаналиева, пажӯҳишгари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии HRW дар посух ба суоли АЗДО ТВ, ки оё ин нишаст метавонад Тоҷикистонро водор ба озодии зиндониҳои сиёсӣ кунад, чунин посух дод:

“Мутаассифона мо наметавонем мутмаин бошем, ки кишварҳои узви Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ метавонанд Тоҷикистонро водор кунанд то қарорҳои Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ барои озодии фаврии зиндониҳои сиёсиро иҷро кунад. Вале таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ метавонад фишорҳоро болои Тоҷикистон бештар кунад.

Мо номи тамоми зиндониҳои сиёсиеро, ки Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ дархости озодияшонро дорад, дар гузориши худ ворид кардем ва инчунин дар мулоқотҳои дуҷониба бо кишварҳои узви Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ин мавзуъро матраҳ сохтем ва аз онҳо хостем дар раванди нишаст ин мавзуъҳо ва номи зиндониҳоро зикр кунанд ва умедворем, ки рӯзи 4-уми ноябр ин иттифоқ хоҳад уфтод”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи ҷорӣ, рӯзи 4-уми ноябр дар Женева Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ нишасти Баррасии Давраии Ҷаҳонӣ (UPR)-ро баргузор мекунад. Ва қарор аст дар ин нишаст вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ин севумин нишасти (UPR) хоҳад буд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.