7.9 C
Dushanbe

Қазияи Мадина Парвиз Давлатовро барои 8 сол равонаи зиндон кард

Рӯзи 14-декабр Додгоҳии олии Тоҷикистон Парвиз (Лутфулло) Давлатовро барои 8 сол аз озодӣ маҳрум кард, аммо бо татбиқи Қонуни афв ҳукми ӯ ба 5 солу 4 моҳ кам карда шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ Додгоҳи олии кишвар Давлатовро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “азобу уқубат”, “бисёрзанӣ” ва “расонидан ба худкушӣ” гунаҳкор дониста, ин ҳукмро содир кардааст.

Ин дар ҳолест, ки пештар Додситонии кулли Тоҷикистон Давлатовро бо як ҷурм, яъне бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор эълом буд.

Гуфта мешавад, дар қазияи лату кӯби бераҳмона шудани Мадина Маҳмадҷонова Парвиз Давлатов нафари аввал аст, ки аз озодӣ маҳрум шуд, аммо баррасии парвандаи ҳамсараш, Азиза Давлатова, ки ӯ дар ин қазия гунаҳкори асосӣ дониста мешавад, ҳоло ба итмом нарасидааст.

Қазияи бераҳмона лату кӯб шудани Мадина Маҳмадҷонова аз ҷониби Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.

Гуфта мешавад, Азиза Давлатова дар охирҳои моҳи август маъшуқаи ҳамсараш, Мадина Муҳаммадҷоноваро дуздида аз шаҳр берун бурда аст. Ин зани ҷавон то ҳаде лату кӯб ва шиканҷа шудааст, ки муддати се моҳ мешавад дар беморхона дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Бо вуҷуди ин пештар мақомот қазияи мазкурро баъд аз тафтиш пӯшонд ва мувофиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли ҷорӣ тафтиши парвандаро қатъ кард. Танҳо пас аз вокунинши тунди фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ шахсан ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор дахолат кард ва таҳқиқи қазия аз нав гирифта шуд.

Пас аз шуруъи дубораи парванда 3-4 мақомдори сохторҳои қудратӣ – муовни додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, чанд масъули ШВКД-и ҳамин ноҳия барои хунукназарӣ нисбати ин парванда аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Назари муттаҳамон ва ё вакили мудофеи онҳо ба ин қазия то ҳол маълум нест. Додситони куллли Тоҷикистон дар шарҳи қазия рӯзи 1-уми ноябр гуфт, ки дар қазияи лату кӯби Мадина Муҳаммадҷонов ду нафар, Азиза Давлятова ва шавҳараш Лутфулло Давлятов гумонбар дониста мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.