Ягон кишвари исломӣ Толибонро эътироф накард

Нишасти якрӯзаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод ба поён расид, аммо аз 70 кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда ҳеч касе омода нашуд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.

19-уми декабр Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати Толибон дар ҳошияи ин нишасти Исломобод дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, “интизор дорем ҷаҳони ислом равобити худ бо Афғонистонро оддӣ ва сафоратхонаҳои худро дар Кобул бозгушоӣ кунанд.”

Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи аввали ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон пайваста иддаъо мекунад, ки то Толибон ҳукумати ҳамашумул ташкил накунанд, онҳоро ба расмият намешиносад, аммо сафорати кишварамонро барои як рӯз ҳам дар Кобул таътил накардааст.

Бузургтарин гузаргоҳи марзӣ дар Панҷи Поён ё Шерхонбандар ҳам боз буда, мисли пешин транзити молу колоҳои тиҷоратӣ озод интиқол дода мешаванд. Коре, ки дигар ҳамсояҳои Афғонистон ҳам ба мисли Ӯзбекистону Туркманистон ва Эрону Покистон ҳам онро иҷро мекунанд.

Кишварҳои Қатар, Туркия ва ахиран Аморат Муттаҳидаи Араб ва Индонезия ҳам бо баҳонаҳои ирсоли кумакҳои инсонӣ аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо Аргнишонони Кобул хабар додаанд.

Нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо пешниҳоди Арабистони Саудӣ ва бо мизбонии Покистон зери унвони баррасии вазъияти Афғонистон баргузор шуд.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ намояндаи хосси худ дар умури Афғонистонро муаррифӣ кард ва бо пешниҳоди Эрон аз таъсиси як сандуқи ҷамъоварии кумакҳои башардустона дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид хабар дод.

Намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид ҳам дар ин нишаст гуфт, ки соли оянда “Созмони Миллал бузургтарин дархости кумакҳои инсониро дар ҳаҷми 4.5 млрд доллар солона барои расидагӣ ба вазъияти мардуми Афғонистон ироа хоҳад кард.

Созмони Ҷаҳонии Ғизо пештар эълом карда буд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 80 дарсад мардуми Афғонистон бо фақр дасту панҷа нарм мекунанд ва аз ин миён зиёда аз 20 миллион нафар аз норасоии ғизои солим рӯзона ранҷ мебаранд.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти умури хориҷаи Толибон дар ин нишаст гуфт, ки Афғонистон бо як ҷанги расонаӣ рӯбарӯ шудааст, дар ҳоле, ки пас аз ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон сулҳ ва оромӣ омадааст. Вай таъкид кард, “масдуд кардани дороиҳои Афғонистон тавассути Омрико ба афғонҳо осеб мерасонад. Ин кор нақзи ҳуқуқи башари афғонҳост ва метавон онро ба душманӣ ба як миллат таъбир кард.”

Гуфтанист, нерӯҳои НАТО бо раҳбарии Омрико дар муддати 20 соли ҷанг дар Афғонистон натавонистанд як ҳукумати фарогир ва пойдор ташкил кунанд, худи онҳо низ дар тобистони соли ҷорӣ пеш аз ба қудрат расидани Толибон Афғонистонро тарк карданд.

Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ Кобулро ба қасди Аморати Муттаҳидаи Араб тарк кард ва дигар аъзои кобинааш ҳам аз пойтахт фирор карданд ва худи ҳамон рӯз ба гуфтаи Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон ӯ аз Толибон даъват кардааст, ки вориди Кобул шуда, барои пешгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ қудратро ба даст бигиранд.

Омрико пас аз фурӯпошии ҳукумати дастнишондиҳандааш дар Афғонистон дороиҳои ин кишварро масдуд карда, акнун касе аз кишварҳои чӣ исломӣ ва ё чӣ ғайри исломӣ ҷуръат намекунад, ки шикасти ИМА ва ёронашро дар Афғонистон эътироф кунад ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад ва ба таври оддӣ муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро бо ин кишвар дубора барқарор кунад.
Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.