Дуздии маблағи зиёд аз терминалҳои Душанбе

Як сокини шаҳри Душанбе бо гумони дуздии маблағи зиёд аз терминалҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт боздошт шудааст.

Акс аз сомонаи ВКД

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ хабар дод, ки кормандони пулис як марди 37-солаи сокини пойтахтро дастгир кардаад, ки “номбурда, моҳи январи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ аз терминалҳои пардохтии ширкати “Пайванд гурӯҳ”, воқеъ дар кӯчаҳои С.Осиё, С.Носир, М.Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бо истифода аз калид онҳоро кушода, аз дохилаш маблағҳои пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

Тавре ВКД-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин мард дар маҷмуъ аз терминалҳои пойтахт 240 ҳазору 980 сомониро дуздидааст.

Гуфта мешавад, айни ҳол ин мард дар боздошт аст ва вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад. Ҳувияти ӯ ошкор нашудааст ва инчунин вобаста ба қазия назари наздикону вакили дифоаш низ дастарс нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои "тарғиби ЛГБТ" ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.

Боздошти се гумонбар бо иттиҳоми оташ задани бозори шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор се гумонбар бо иттиҳоми ташкили сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ боздошт шудаанд.

Оё Эрон барои пайвастан ба Созишномаи Макка даъват шудааст?

Ба гузориши расонаҳо, Эрон барои пайвастан ба Созишномаи муштараки дифоии Макка, ки чанде пеш миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид, даъват шудааст.