Мирзиёев изҳороти Лукашенкоро беасос хонд

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев изҳороти раҳбари Беларус Александр Лукашенкоро, ки гуфта буд, бояд Узбекистон аз ҳодисаҳои дар Қазоқистон рухдода дарс гирад, беасос хонд. Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Узбекистон Шерзод Асадов хабар додааст.

Мирзиёв дар посух ба изҳороти Лукашенко гуфт, ки ”Чанд рӯз пеш изҳороти беасос аз ҷониби раҳбарони бархе аз давлатҳо садо дод, ки Узбекистон бояд аз ҳодисаҳои дар Қазоқистон рухдода сабақ бигирад. Мо вазъи минтақа, тамоми чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти онро бодиққат пайгирӣ дорем ва тамоми потенсиалу қудрати заруриро дорем, ки ба ҳамагуна таҳдид вокуниш нишон диҳем.”

Изҳороти Александр Лукашенко рӯзи 10 январ дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД садо дода буд.

Ин нишаст бо даъвати раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пас аз эътирозҳое, ки дар кишвар рух дод, баргузор шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро аз болои “Душанбе Сити Бонк” шикоят зиёд аст?

Даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Суғд аз тарзи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" ба Идораи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд шикоят бурдаанд.

Иттиҳоди Аврупо аз маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард

Иттиҳоди Аврупо дар гузориши нави худ вазъи ҳуқуқи инсон ва демократияро дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пасттарин иқтисодро дорад

Бар асоси гузориши як созмони таҳқиқотӣ, ҳаҷми қтисоди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан ба 543 миллиард доллар расидааст.

“Барои як сатил об?” Наворе дар бораи латукӯби як ҷавон вокунишҳои зиёде барангехт

Навори як наврас, ки беҳаракат рӯи замин хобида ва модаре дар канораш бо гиряву зорӣ нишастааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба миён овард.