Чин мехоҳад нархи ҷаҳонии нафтро арзон кунад

Чин эълон кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз гарон шудани нархи нафт дар ҷаҳон расман аз Эрон нафти хом ворид кардааст.

20-уми январи соли ҷорӣ давлати Чин хабар дода, ки барои ҷилавгирӣ аз гаронтар шудани нархи нафти хом дар дунё як киштии ҳомили 1 миллион 900 ҳазор бушка нафти хомро расман аз Эрон ворид кардааст.

17-уми январи соли ҷорӣ пас аз ҳамлаи Ансоруллоҳи Яман ба Амороти Муттаҳидаи Араб нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора афзоиш ёфт. Қимате, ки дар 7 соли гузашта биржаҳои ҷаҳонӣ бо ин нарх хариду фурӯши нафти хомро таҷриба накарда буданд.

Дар се рӯзи гузашта ҳар як бушка нафти хоми навъи Brent дар биржаҳои ҷаҳонӣ то 89 доллару 10 сенти амрикоӣ фурӯхта шуд. Аммо 20-уми январ пас аз эълони Чин дар хусуси расман ворид кардани нафти хом аз Эрон нархи ҳар як бушка нафти хом то ду доллар арзонтар шуд.  

Ширкатҳои чинӣ, ки то кунун нафти хоми Эронро ба сурати ғайрирасмӣ бо киштиҳои бидуни родор ва ё бо номи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба мисли Уммон, Кувайт ва ё Амороти Муттаҳидаи Араб ворид мекарданд, акнун дар тавофуқ бо Амрико барои пур кардани захираҳои нафтии худ расман нафти хоми Эронро бо номи худи он мехаранд.

Эрон чорумин кишвари дорандаи нафти хом дар дунё аст. Аммо давлати Амрико бо раҳбарии Доналд Тромп дар соли 2018 хариду фурӯши нафти хом аз Эронро таҳрим кард. Ба дунболи ин таҳримҳо хариду фурӯши нафти хом аз Эрон ба пойинтарин ҳад расид.

Чин бо ҷамъияти беш аз якуним миллиард аҳолӣ яке аз воридкунандаҳои аслии нафти хом дар ҷаҳон аст ва талаботи рӯзонаи он ба нафт зиёда 2 миллион бушка нафти хом арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.

Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.