26.9 C
Dushanbe

Имомуддин Сатторов сафири нави Тоҷикистон дар Олмон

Имомуддин Сатторов, собиқ Сафири Тоҷикистон дар Русия бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар кишвари Олмон таъйин шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президент иттилоъ медиҳад.

Имрӯз 27-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне Имомуддин Сатторовро ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Олмон таъйин кард.

Гуфта мешавад, Сатторов донандаи забонҳои англисӣ, русӣ ва олмонӣ аст. Ӯ аз соли 2014 то моҳи августи соли 2021 Сафири Тоҷикистон дар Русия ва ҳамзамон 2016 то 2021 Сафири Тоҷикистон дар Арманистон буд.

Ба гуфтаи мунаққидони ҳукумати Раҳмон замони сафарии Имомуддин Сатторов дар Русия барои муҳоҷирон ва дар умум шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар мушкилот бештар шуду кам не. Аз ҷумла чеҳраҳои шинохтае, ки ҳамеша дар хидмати муҳоҷирон буданд, ба монанди шодраовн Каромат Шарифов, Иззат Амон вачандин нафари дигар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар таъйиноти кадрии имрӯзааш, раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Кумитаи рушди маҳал, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатиро иваз кард.

Таҳлилгарони мустақил сиёсати кадрии Раҳмонро ҳамеша интиқод мекунанд. Ба андешаи онҳо таъйиноти Раисҷумҳури Тоҷикистон бештар бар мабнои хешутабор ва маҳал бунёд ёфтааст на тахассусу дониши шахс. Аммо ҷонибдорони ҳукумат инро рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.

Ҳимоятгари ҳукумат бо зоҳири исломӣ ба фиреби мардум машғул аст?

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фиребу қаллобии як мубаллиғ ва ҳимоятгари ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо номи Оятуллоҳ Гилаев шикоят мекунанд.

Лукашенко 52 зиндонии сиёсии дигарро озод кард

Мақомоти Беларус 52 маҳбуси сиёсиро, ки миёнашон 14 хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Британияи Кабир, Фаронса, Литва, Латвия, Лаҳистон ва Олмон низ ҳастанд, озод кард.