29.9 C
Dushanbe

Мухолифин: Вазири корҳои дохилӣ дурӯғ мегӯяд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороти Вазири корҳои дохилии кишварро нодурст хонда мегӯяд, ки дар соли 2021 баъзе аъзои ин ҳизбро мақомот зери фишор ба ватан баргардонданд.

Муоивини Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шоҳнаими Карим дар суҳбат бо АЗДО ТВ таъкид кард, ки Рамазон Раҳимзода дурӯғ гуфта, ки баъзе аъзои ҲНИТ бо ихтиёри худ ба ватан баргаштаанд.

Ба қавли муовини ҲНИТ, дар соли гузашта кормандони мақомоти Тоҷикистон бархе аъзои ин ҳизбро дар бархе кишварҳо, аз ҷумла дар давлатҳои пасошӯравӣ бо ҳар василае зеро фишор қарор дода маҷбур карданд, ки ба ватан баргарданд ва то ҷое мо маълумот дорем, ҳеч касе аз онҳо бо ихтиёри худ Тоҷикистон нарафтааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон пеш аз ин дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки дар давоми соли 2021 зиёда аз 100 нафар аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Гурӯҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистон пушаймон шуда, ба ватан гашта истодаанд.

Имрӯз, 2-юми феврали соли 2022 Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар посухи суоле ба расонаҳо гуфт, ки “25 нафар аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахашон ва зиёда 100 нафар аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Гурӯҳи 24 ва Паймони миллӣ пушаймон шуда аз кирдорҳои худ ихтиёран ба ватан баргашта омадаистодаанд.”

Ҳамзамон бархе аз намояндагони шинохтаи “Гурӯҳи-24” низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин изҳороти Вазири корҳои дохилиро зери суол қарор дода, изҳороти Рамазон Раҳимзодаро дурӯғи навбатӣ ва хаёлфобии мақомот гуфтаанд.

Ичунин гуфта мешавад, Паймони миллии Тоҷикитсон узв надорад, балки чор созмонеро зери чатри худ муттаҳид карда, эътилоферо ташкил кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.

Эҳзори сафири Исроил дар Иморот

Давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Давҳаи Қатар сафири Исроил дар ин кишварро эҳзор кард.