Вуҷуди нерӯҳои зудамали Белорус дар Бадахшон

Дар шаҳри Хоруғ ва Роштқалъаи Вилояти Мутори Кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳ бо низомиёни тоҷик, нерӯҳои низомии Белорус низ дида шудааст. Дар ин бора “

Акс аз: “DW”

Ин хабаргузорӣ, ки бештар хабару ҳаводиси ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, аз қавли манобеаш менависад, ҳамроҳ бо сарбозони гурӯҳи зудамали “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як гурӯҳи зудамал аз Белорус ҳам ба Хоруғ оварда шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ ҳузури афроди низомии бо зоҳири славияниро дар байни низомиёни тоҷик, ки дар Бадахшон қарор доранд, тасдиқ карда, гуфтаанд, ки “онҳо нерӯҳои вежаи Белорус ҳастанд.”

Ин хабар то ҳанӯз аз ҷониби дигар манбаи муътамад тасдиқ нашудааст. Аммо дар ҳоли тасдиқи он маълум мешавад, зоҳиран Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, ки гуфта буд, “Ба Тоҷикистон бояд кумак кард”, аз сухан ба амал гузаштааст.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми январи соли ҷорӣ баъд аз ҳаводиси Қазоқистон зимни нишасти сарони СПАД Лукашенко бо нигаронӣ аз эҳтимоли такрори ҳодисаҳои ҳамсони Қазоқистон дар Тоҷикистон аз сарони кишварҳои узви ин созмон хоста буд, ки барои тақвияти низом ва таъмини амнияти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон кумак кунанд.

Лукашенко гуфт, акнун фурсати хубе ҳаст, ки дар бораи Тоҷикистон суҳбат кунем: “Президенти Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон) солҳо боз аз мо кумаки низомӣ, пеш аз ҳама техникаи низомӣ талаб мекунад. Мо бояд ин корро кунем.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.