Вокуниши мухолифину мувофиқон дар қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова

Паймони миллии Тоҷикистон ва Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум намуда, аз Ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус мақомоти корҳои дохилӣ талаб кардаанд, ки ӯро озод кунанд.

Паймони миллии Тоҷикистон то кунун расман дар ин бора изҳори назаре накардааст, аммо 7-уми феврали соли ҷорӣ бархе аз намояндаҳои ин эътилофи мухолифин аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва бедарак шудани хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро дар Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат маҳкум карда, аз мақомот хостаанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Ҳамзамон имрӯз, 8-уми феврал Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо интишори як баёнияи расмӣ боздошт ва бедарак шудани бону Шоҳида Маҳмадҷонова дар Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдатро маҳкум карда, хостори озодии ӯ шуданд.

Дар баёнияи ин гурӯҳ таъкид шудааст, “”Гуруҳи-24″ аз мардум, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар даъват ба амал меорад, ки дар қазияи нопадид шудани шаҳрванд Шоҳида Маҳмадҷонова бетараф набошанд ва садои эътирозии худро ба мақомоти кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд. Зеро бетарафӣ ва хомӯшӣ боис мегардад, ки режими худкомаи Раҳмонов бо чунин василаи ғайриқонунӣ, ноҷавонмардона ва палиди худ ба саркӯб намудани мухолифин ва мунтақидонаш идома диҳад.”

Дар ҳамин ҳол муовини Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон хонум Мавҷуда Соҳибназарова ҳам таъкид кардаст, ки дар сурати муроҷиат кардани наздикону пайвандони бону Шоҳида Маҳмадҷонова ба ин кумита омодаанд, ки қазияи боздошт ва бедарак шудани ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, сари вақт иқдомҳои лозимро рӯи даст бигиранд.

Хабаргузории “Азия Плюс бо нашри як гузориши муфассал дар ин бора хабар дод, ки “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти шавҳари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки гуфта мешавад чанд рӯз боз нопадид аст, барои муайян намудани макони нигоҳдорӣ ва таҳқиқи қазияи ӯ вакили дифоъ ҷудо кардааст.”

Ҳамзамон Идимоҳ Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова ба расонаҳо гуфтааст, ки 7-уми феврал барои пайдо кардани духтараш ба Дастгоҳи иҷроия Президент, Прокуратураи генералӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.

Инчунин хеле аз фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба ин қазия дахл карда, аз он ҷумла журналист ва шоир Зафари Суфӣ, ва хабарнигор Амруллоҳи Низом ҳам бо нашри матолибе ин боздоштро маҳкум карда, аз мардум хостаанд, ки бетераф набошанд.

Аз ҷониби дигар чанде аз мувофиқони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақтҳои ҳассос баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар мешаванд, аз он ҷумла Абдуқодир Талбаков, раиси Китобхонаи бачагонаи шаҳри Душанбе бо номи Абулқосим Лоҳитӣ бо коштани тавҳину таҳқир ва туҳмат алайҳи Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 писари Шоҳида Маҳмадҷонова ва дигар раҳбарони мухолифин пардохта, мегӯянд, ки писар бояд ба Ватан баргашта дар чунин рӯзҳои сахт канори модараш бошад.

Онҳо мегӯянд, Абдурраҳмон-09 бояд ба Ватан баргашта канори модараш бошад, ҳамон гапи мақомотро бо ибораи дигар такрор кардан аст, ки борҳо аз вай хоста буданд, ба Ватан баргардад, то мавриди афв мақомот қарор бигирад, аммо ин дафъа вақте канори модар мегӯянд, зоҳиран маълум мешавад, ки кор аз кор гузашта мехоҳанд мустақим ӯро ба зиндон назди модараш фиристанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва бо гузашти 6 рӯз то ҳол мақомот аз додани маълумот дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ вазъият қарор доштани ӯ ҳеч чиз намегӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Ҷасади собиқ афсари ВКД-и Тоҷикистон, ки дар Украина меҷангид, дар Восеъ дафн шуд

Ҷасади Маҳмадҷон Бозоров, сарҳанги собиқи ВКД, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 15-уми июн дар ноҳияи Восеъ ба хок супурда шуд.

Трамп оташбас байни Амрико ва Эронро эълон кард

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп шаби гузашта эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон ба "созишномаи сулҳ" даст ёфтаанд.