25.9 C
Dushanbe

ВКД: Шоҳида Маҳмадҷонова бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова хабар дода гуфтааст, ки мақомот ӯро бо иттиҳоми “ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгароӣ” дар ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Шоми дирӯз, 8-уми феврал Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишори расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар

Ҳамзамон Идимоҳ Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова ба расонаҳо гуфтааст, ки 7-уми феврал барои пайдо кардани духтараш ба Дастгоҳи иҷроия Президент, Прокуратураи генералӣ ва Омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо то ҳол посухе нагирифтааст.

Инчунин хеле аз фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба ин қазия дахл карда, аз он ҷумла журналист ва шоир Зафари Суфӣ, ва хабарнигор Амруллоҳи Низом ҳам бо нашри матолибе ин боздоштро маҳкум карда, аз мардум хостаанд, ки бетераф набошанд.

Гуфтанист, ин қазия тамоми созмонҳои мухолифинро муттаҳид кард ва қариб ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ ба шӯъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз ҳамон ҷо бедарак гардид ва бо гузашти 6 рӯз, то шоми рӯзи 8-уми феврал мақомот аз додани маълумот дар бораи дар куҷо будан ва дар чӣ вазъият қарор доштани ӯ ҳеч чиз намегуфтанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.