24.9 C
Dushanbe

КҲФ: Аз сафарҳои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандони кишвар хоста, бинобар боришоти зиёд муваққатан аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

10-уми марти соли 2022 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар давоми як шабонарӯзи гузашта 18 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои Душанбе-Варзоб, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ба қайд гирифта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, барои тоза кардани роҳи Душанбе-Варзоб аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ” дар якҷоя “дастбакор шудаанд”.

Инчунин кумита меафзояд: “Дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз – Ш.Шоҳин – Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, дар натиҷаи боришоти зиёд сангрезӣ низ ба қайд гирифта шуд. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати наклиёт оқибатҳо бартараф карда шуданд, роҳ кушода шуд”, аммо КҲФ аз пурра тоза шудани роҳҳо дар минтақаҳои дигари кишвар хабаре надодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар таъкид карда, ки “хатари фаромадани тарма, омадани сел, сангрезӣ, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо то охири ҳафта боқӣ мемонад” ва дар охир аз шаҳрвандон хоста, ки аз сафарҳои безарурат дар роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд, “аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, ҷамъоварии гиёҳ, моҳидорӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон низ муваққатан даст кашанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.