26.9 C
Dushanbe

Аз Русия танҳо ба 15 кишвар мешавад мустақим сафар кард

Дар ҷаҳон ҳамагӣ 15 кишвар боқӣ мондааст, ки сайёҳон аз Федератсияи Русия метавонанд мустақим ба онҷойҳо сафар кунанд.

Дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина Амрико, Канада ва тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо осомни худро бар рӯи Русия бастанд ва инчунин баъзе ширкатҳои ҳавопаймоӣ фаъолияти худро дар ин кишвар қатъ карданд, ки ҳамаи ин боиси зарбаи ҷиддӣ расондан ба сайёҳони рус шудааст.

Тавре сомонаи Ассотсиатсияи сайёҳии Русия хабар медиҳад, айни замон сайёҳони рус ба ҷуз Аврупо ва Амрико метонавонанд ҳамагӣ ба 15 кишвар сафари мустақим дошта бошанд. Инчунин гуфта мешавад, ки он маҳдудиятҳое, ки бар асари пандемияи коронавирус дар баъзе кишварҳо ҷорӣ шуда буданд, онҳо бекор карда шудааст. Аз ҷумла маҳдудиятҳо ба 7 кишвар – Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон лағв шуданд.

Илова ба самтҳои дар боло зикршуда, русҳо метавонанд мустақиман ба Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Марокаш, Беларус, Ҳиндустон ва Шри-Ланка парвоз кунанд.

Гуфта мешавад, бар асари ҳамлаи низомии артиши Путин ба Украина, ҳамчунин шуморе аз ширкатҳои ҳавопаймоии ғайри аврупоӣ низ барои муддати номуайян аз парвоз ба Русия худдорӣ карданд. Аз ҷумла: “Azerbajzan Airlines” ва “Buta Airways”, “EgyptAir”, “Air Astana”-и Қазоқистон, ширкати ҳавопаймоии туркӣ “Pegasus Airlines” ва ғайра.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.

Аз нишасти Қатар чӣ ҳолсил шуд?

Рӯзи душанбе, 15-уми сентябри соли ҷорӣ сарони 57 давлати арабӣ ва исломӣ бо баргузории ҷаласае дар шаҳри Давҳаи Қатар гирди ҳам ҷамъ омаданд.

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...